Тоҷикистон қариб бо ваксина таъмин шуд: вуруди боз як бастаи бузурги доруи зидди COVID-19

© Pixabay Ампулы с вакциной, архивное фото
Ампулы с вакциной, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Дар доираи механизми COVAX ба Тоҷикистон наздик ба се миллион ваксина ворид гардид
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Боз бастаи нави ваксина алайҳи коронавирус ба Тоҷикистон оварда шуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, шоми 23-юми декабр дар доираи механизми COVAX вазорат боз 2 миллиону 900 ҳазор воя ваксина дарёфт кард.
Гуфта мешавад, ваксинаҳои воридгашта "КоронаВак"- и чинӣ буда, онро ширкати "Синовак" тавлид мекунад.
Тибқи омори вазорат, то 21 декабри соли равон дар ҷумҳурӣ 3 миллиону 648 ҳазору 917 нафар аз шаҳрвандон (62%) моякӯбӣ шудаанд.
Работа системы QR-кодов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Тоҷикистон низ QR-код ҷорӣ мекунад
Ҳамзамон то ин рӯз 2 миллиону 891 ҳазору 471 нафар (49,1 фоиз) вояи дуюмро гирифтааст.
Гуфта мешавад, Тоҷикистон дар умум ба 12 миллион воя ваксина ниёз дорад ва ҳамакнун 11 миллиону 400 ҳазор вояро дарёфт кардааст.
Масъулини Вазорати тандурустӣ қаблан низ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, ки ниёзи кишвар дар ҷиҳати дастрасӣ ба ваксина дар оғози соли оянда бароварда мешавад.
Дар Тоҷикистон тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, ки аз 3 июли соли ҷорӣ нашр шуд, эмгузаронии зидди COVID-19 барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.
Ҳангоми эмкунии аҳолӣ бар зидди COVID-19 аз ваксинаҳои "CoronaVac", "AstraZeneca", "Pfizer", "Moderna" ва "Sputnik V" истифода мешавад.
Сотрудники лаборатории в Нанкине, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
"Sinovac" гуфт, дар сурати зарурат омодааст, зидди навъи "омикрон" ваксина созад
Қаблан Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки эҳтимоли паҳншавии навъи нави коронавирус, омикрон дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад.
Ӯ аз сокинон даъват кард, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала