Ҳушдори Лавров аз ҷанг дар Аврупо дар сурати шомилшавии Украина ба НАТО

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Вазири умури хориҷии Русия атрофи мавзуи Украинаро суҳбат кард ва шарҳ дод, ки ташаннуҷи вазъ барои Аврупо чӣ паёмад дорад
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Хоҳиши Ғарб барои узвияти Украина дар НАТО ва ҷой додани силоҳи мушакӣ дар қаламрави он хатарҳои низомӣ дар пай дорад, изҳор дошт Сергей Лавров дар суҳбат бо рӯзномаи Боснияю Герсеговина бо номи "Ослобожденье".
Талошҳо барои вуруди Киев ба эътилоф ва пайдо шудани хатари зарбазанӣ дар наздикии марз таҳдид ба амнияти Русия ва шаҳрвандонаш мебошад.
Ба гуфтаи Лавров, чунин сиёсат метавонад ба даргирии густурда дар замини Аврупо анҷомад, ки ҳам Украина ва НАТО дар он дахил хоҳанд буд.

"Мо бар инем, ки пеш аз ҳама бояд сатҳи танишу мухолифатҳо коҳиш дода шавад, ки дар заминаи шеваи "ҳимоят"-и ҳамкорони амрикоӣ аз зерҳимояҳои украинияшон пайдо шудаанд", - таъкид намудааст вазири умури хориҷии Русия.

Ӯ зикр намуд, 7 декабр суҳбати видеоии президенти Русия Владимир Путин бо ҳамтои амрикоияш Ҷо Байден сурат гирифт, ки қисмати зиёди онро масоили марбути Украина фаро мегирифт.
Ежегодная пресс-конференция президента России Владимира Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Путин: Ҳаракати НАТО ба самти шарқ қобили қабул нест
"Владмиир Путин дар мисолҳои мушаххас сиёсати тахрибкоронаи Киевро намоиш дод, ки ба вайронсозии тавофуқоти "Минск" равона шудаанд", - таъкид намуд дипломат.
Қаблан Сергей Лавров изҳор дошта буд, ки Русия ҳавасманди мухолифатҳо несту ҷангро намехоҳад, аммо дар ин зимн ба таври қотеъ амнияти худро бо тамоми василаҳои зарурӣ таъмин мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала