Ҷанҷоли аъзои ду оила барои девори байнашон: ҷавони 21-сола барои 15,5 сол зиндонӣ шуд

© Sputnik / Табылды КадырбековДрака
Драка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Ҷанҷоли аъзои ду оилаи ҳамсоя бо сӯиқасди куштору авбошӣ анҷомида, ду бародарро пушти панҷара бурд
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Додгоҳи вилояти Хатлон донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ба 15,5 соли зиндони низомаш сахт ҳукм кард.
Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, бародари 31-солаи ин донишҷӯ дар авбошӣ гунаҳкор дониста шуда, барои се сол равона зиндон шудаст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки бародарон бо аъзои як оилаи ҳамсояашон дар заминаи деворбандӣ кардани замини назди хонаашон дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Кӯшониён ҷанҷол кардаанд.
Таджикская милиция проведет разъяснительные работы не границе с Узбекистаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
ВКД хостори таҳкими ҳамкорӣ миёни милиса ва мактаб шуд
Аз ҷумла бародарон моҳи майи соли равон қасд доштаанд, бо девор 2 метр замини пушти дарвозаи манзили истиқоматиашонро маҳкам кунанд, ки он роҳ ба сӯи хонаи ҳамсояашон будааст.
Се мард аз узви оилаи ҳамсояҳо аз деворсозҳо хостаанд, ки роҳашонро набанданд ва дар ин замина миёнашон муноқиша рух додааст. Дар натиҷа донишҷӯи 21-сола корд гирифта, се марди ҳамсояро аз қисматҳои гуногуни баданашон, аз ҷумла қафаси сина маҷрӯҳ кардааст.
Додгоҳи вилояти Хатлон дар натиҷаи баррасии қазия бародари хурдиро дар қасди одамкушию авбошӣ гунаҳкор дониста, бародари калониро барои авбошӣ равонаи зиндон намудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала