Генерал Лапин: Пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон сипари СААД дар баробари террористҳост

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузаштан ба хазинаи аксУчения стран ОДКБ в Таджикистане
Учения стран ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон танҳо бо афсарони варзида ва низомиёни қарордодӣ таъмин аст
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон як "пешгоми низомӣ" дар самти ҷануб мебошанд, гуфт фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ генерал- полковник Александр Лапин.

"Ин як навъ сипари эътилофӣ ва монеаи ҷиддие барои террористҳо ва ифротгароён дар қаламравҳои давлатҳои ҳамсояанд", - гуфт ин раҳбари низомӣ.

Дар мусоҳиба бо рӯзноманигори рӯзномаи Вазорати дифои Русия "Красная звезда" ӯ қайд кард, ки дар сурати таҳдиди низомӣ ба амнияти миллии Федератсияи Русия ва муттаҳидони он воҳидҳои ин пойгоҳҳо "аввалин шуда, ҳама вазъияти вазнини рушдёбандаро бар дӯш мегиранд".
"Пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон воқеан пешгомони низомии мо дар самти ҷануб муҳимтарин ҷузъи нерӯҳои дастаҷамъии СПАД дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ ба омодагии ҷангии онҳо, бозсозӣ ва рушди инфрасохтор таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода мешавад", - илова намуд Лапин.
ПВО, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Тоҷикистон созишномаи ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоиро бо Русия тасвиб кард
Фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ таъкид кард, ки пойгоҳҳои низомии Русия танҳо бо афсарони ботаҷриба ва низомиёни қарордодӣ пурра карда мешаванд.
“Дар чаҳорчӯби ротатсия танҳо низомиёне, ки соҳиби касбу коранд, таҷрибаи хуб доранд ва бо интизоми ҳарбӣ мушкил надоранд, барои хидмат ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд", - афзуд ӯ.
Пойгоҳи низомии 201, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар берун аз марзи он (бахше аз Ҳавзаи марказии ҳарбӣ) аст. Он дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала