Аз марзбон то менеҷери "Вавилон"-у хазинадори бонк: Русия 13 нафарро ба Тоҷикистон супурд

Генеральная прокуратура РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Додситонии кулли Русия феҳрасти 13 нафареро нашр кардааст, ки ба Тоҷикистон истирдод шудаанд
ДУШАНБЕ, 24 дек - Sputnik. Русия 13 нафар, аз ҷумла ду занро, ки мавриди таҳқиби ҷиноӣ қарор доштаанд, ба Тоҷикистон супурдааст.
Ба иттилои Додситонии кулли Русия, яке аз муттаҳамон аз январ то декабри соли 2016 ба ҳайси хазинадори филиали "Амонатбонк" ба исрофкорию азхудкунии 174 ҳазор сомонӣ ва 19,4 доллар даст задааст. Хазинадори дигари "Амонатбонк" дар он муттаҳам мешавад, ки ба номи шаҳрвандони дигар бидуни огоҳияшон ба маблағи беш аз 1,1 миллион сомонӣ қарз гирифта, онро ба манфиати худ истифода бурдааст.
Нафари дигар аз феҳрасти нашршуда мудири собиқи "Суғд-роҳ" мебошад, ки аз "Амонатбонк" аввал 2,9 миллион сомонӣ, баъдан, моҳи майи соли 2019 боз 500 ҳазор сомонӣ ва сипас 2,4 миллион сомонӣ гирифтааст. Таъкид шудааст, ки зимни гирифтани маблағи охир ба ҳайси гарав маводи битуми ба нафари дигар тааллуқдоштаро пешниҳод намудаасту қарзи гирифтаро ба манфиати худ истифода намудааст.
Айдоршавандаи дигар моҳи марти соли 2020 якҷоя бо шарикаш маводи мухаддир, аз ҷумла 58,6 кило ҳашиш, 9,8 кило афюн ва 1,9 кило ҳабҳои психотропии метамфираминро бандубаст карда, нияти фурӯхтани онҳоро доштаанд. Таъкид шудааст, ки ниятҳояшон амалӣ нашудаанд, чун маводи мухаддир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусодира гардидааст.
Избрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2021
Сарбозони фирорию ҳамлагар ба мошини пулис: Русия 8 муттаҳамро ба Тоҷикистон истирдод кард
Нафари дигаре низ дар феҳрасти истирдодшудаҳо муттаҳам ба нашъаҷаллобӣ мебошад. Ӯ моҳи августи соли 2019 ба фурӯши маводи мухаддир даст задааст.
Инчунин мудири пешини хоҷагии деҳқонии "Ҳусенбой" дар ноҳияи Ашт, ки заминҳои хоҷагиро ба ивази 24 ҳазор сомонӣ барои бунёди манзил тақсим кардааст, дар ин гурӯҳ аст.
Дар феҳраст инчунин аз собиқ менеҷери бозорёбию таҳлили ширкати "Вавилон-М" зикр шудааст, ки якҷоя бо мудири ширкати "Нақши ҷаҳон" дар аз худ кардани маблағ айбдор мешаванд. Инчунин ӯ дар соҳибкории ғайриқонунӣ, ғасби 516 ҳазор сомонӣ гумонбар дониста мешавад.
Миёни истирдодшудаҳо инчунин прапоршики нерӯҳои марзбонӣ низ қарор дорад, ки моҳи декабри соли 2019 ба ҷои хидматаш ҳозир нашуда, хидматгурезӣ кардааст.
Додситонии кулли Русия таъкид намудааст, ки қарори истирдоди 13 нафар муттаҳам ҳукми қонунӣ гирифта, Хадамоти иҷро бо риояи меъёрҳои амниятӣ муттаҳамонро ба Тоҷикистон супурдааст.
Назари бевоситаи айбдоршавандаҳо дар мавриди иттиҳомоти эълонкардаи мақомоти Тоҷикистон ва ҳукми истирдодашон аз Русия маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала