Машҳуртарин овозхони Ӯзбекистон маълум шуд

© фото из instagram певицыМуниса Ризаева
Муниса Ризаева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Дар Ӯзбекистон маросими ҷоизасупории машҳуртарин овозхони ин кишвар баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Муниса Ризоева дар Ӯзбекистон машҳуртарин сароянда эълон шуд.
Ҷоизаро ба овозхон дар маросими "М-Коктейл 2021" ба ғолиб супориданд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
"Маъруфият ва тренд амалан ҳаммаънои номи Муниса Ризоева аст", - гуфт барандаи ин маросим.
Ҳунарпеша зери кафкӯбиҳои бардавом ба саҳна баромад ва ба ҳар як мухлисе, ки дар тӯли фаъолияти ҳунарии ӯ вайро дастгирӣ мекарданд, ташаккур гуфт.
Ёдовар мешавем, сароянда чанде пеш ба таътил баромад.
Дар "Instagram"-и худ вай иқрор шуд, ки хеле хаста шудааст, зеро дар як ҳафта ҳафт рӯз кор мекунад.
Ситора аз Тошканд парвоз кард, аммо пас аз чанд рӯз пас бозгашту ба мухлисон гуфт, ки "ба сафи сарояндагон мепайвандад".
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала