Чӣ гуна муҳоҷирон ба бозори меҳнат дар Русия таъсир мерасонанд: тадқиқоти ғайричашмдошт

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксКурьер на электровелосипеде и работник коммунальной службы
Курьер на электровелосипеде и работник коммунальной службы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Иқтисоддонҳо таъсири муҳоҷират ба бозори кори Русияро арзёбӣ намуда, муайян карданд, он назар ба оне ки дар борааш мегӯянд, камтар аст
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Маълум шуд, ки муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷӣ дар Русия тайи 10 соли ахир ба сатҳи бекорӣ дар ин кишвар амалан таъсире надоштааст, менависад "Коммерсант".
Таҳқиқоти калон аз ҷониби иқтисоддонҳои шуъбаҳои Шарқи Дури Бонки марказии Русия гузаронида шудааст.
Ба гузориши таҳлилгарон, вуруди муҳоҷирон ба як макони мушаххас танҳо фаъолияти иқтисодиро дар ин минтақа афзоиш медиҳад.
Муаллифони пажуҳиши иқтисодӣ ба ин натиҷа расидаанд, таъсири муҳоҷират ба бозори кор дар ин кишвар "ба маротиб камтар аз он аст, ки маъмулан дар Русия мегӯянд."
Мигранты в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Дар як минтақаи Русия барои муҳоҷирон хидматрасонии нав эҷод шуд
Аммо афзоиши даромади муҳоҷирон мушоҳида мешавад, вале аз ҷиҳати ҳаҷм он ҳадди ақалл аст.
12 минтақаи "мизбон" муайян карда шуд, ки инҳо калонтарин шаҳрҳои Русия, Тотористон, Краснодар ва вилояти Тюмен мебошанд.
Минтақаҳои Шарқи Дур, Забайкал, қисматҳои Сибир, Поволж ва Қафқози Шимолӣ ҳамчун "диҳанда" тасниф мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала