Чаро Осиёи Марказӣ зуд-зуд "меҷунбад"? посухи КҲФ Ӯзбекистон

© Sputnik / Амир ИсаевПоследствия землетрясения в Лангари Шох
Последствия землетрясения в Лангари Шох - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Заминларза на танҳо дар Ӯзбекистону Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақа як мушкили маъмулист
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбекистон гуфт, ки чаро заминларзаи зиёд барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хос аст. Ин изҳорот пас аз сабти заминларза дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон садо дод.
Коршиносон қайд мекунанд, ки қисми зиёди қаламрави Ӯзбекистон аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол аст.
Минтақаҳое, ки заминларза дар онҳо бештар мушоҳида мешавад, водии Фарғона, шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд мебошанд.
Дар ин кишвар давоми як сол ба ҳисоби миёна қариб 1200 ларзиши заифу қавӣ ба қайд гирифта шудааст. Аксарияти онҳоро танҳо бо таҷҳизоти махсус муайян кардан мумкин аст, афзуд манбаъ.
Сейсмография, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2021
Заминларза марзи Тоҷикистону Қирғизистонро такон дод
Фақат дар водии Фарғона дар як ҳафта аз 20 то 25 зилзила ба амал меояд, ки ин як раванди табиӣ гуфта мешавад.
Илова бар ин Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистони ҳаммарз бо Ӯзбекистон низ ба рӯйхати минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол ворид шудаанд.
Дар Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ тавзеҳ доданд, ки заминларзаҳои шадиди қаламрави ин кишварҳо дар кишварҳои ҳамсоя низ эҳсос мешаванд.
Танҳо дар тирамоҳи соли 2021 дар Тоҷикистон беш аз 10 заминларза бо қувваҳои беш аз чорбалла сабт шудааст.
Тобистон дар минтақаи Тоҷикободи кишвар заминларзаи шадид рух дода, дастикам 20 манзилро тахриб кард. Ларзиш бештар дар ҷамоати Лангари Шоҳ эҳсос шуд, ки дар пай панҷ қурбонӣ низ дошт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала