Қасди Иттиҳоди Аврупо дар бораи нобудии Русия

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузаштан ба хазинаи аксПленарная сессия Европарламента
Пленарная сессия Европарламента - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Ҷозеп Боррел, намояндаи олии умури хориҷӣ ва амнияти Иттиҳоди Аврупо дар баробари роҳбарӣ ба дипломатияи аврупоӣ блогнавис низ мебошад
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik, Елена Караева. Ӯ каме менависад. Рӯзе дар портали расмии Комиссияи Аврупо мақолаи блогнавис Боррел таҳти унвони "Чӣ тавр мо метавонем сиёсати қудратии Шарқро ром кунем?" нашр шуд.
Дар ин матлаб Шарқ ба маънои Русия аст, ки муаллиф ният дорад, онро "ром" кунад.
Ҷозеп Боррел костюми дипломатии худро ба костюми тренери сирк иваз карда, дар як вақт оҳанги суҳбат ва луғати мубоҳисаро тағйир дод. Худ қазоват кунед: "Мо мебинем, ки имрӯз сиёсати Русия бо иқдомоти гибридии муттаҳидшудаи таҳдиду шантаж чӣ гуна сурат мегирад ва дар баробари он чӣ, ки рух медиҳад, мо бояд дар амал ва тасмими худ устувору муттаҳид бошем."
Ҳамин тариқ Аврупои муттаҳид Русияро на ҳамчун рақиб, балки душман мехонад.
Боррел дар нашрияе, ки боз бисёр порчаҳои шавқоварро дарбар мегирад, аз Хартияи Парижро ёд карда, бо оҳанги ниҳоят мусбат қайд мекунад, ки ба фикри ӯ, маҳз дар ҳамон вақт ҷараёнҳои "системаи ҳозираи амнияти Аврупо" ташаккул ёфтанд.
Ҷатта Урпилайнен, Комиссари ҳамкориҳои байнулмилалии Иттиҳоди Аврупо  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
“Кумак мекунем, аммо ба расмият намешиносем”: Иттиҳоди Аврупо ба толибон
Воқеан, Ҷозеп Боррел Хартияи Парижро бо сабабҳои дигар дӯст медорад: анҷоми ҷанги сард дар ин ҳуҷҷат расман сабт шудааст.
Ва ба таври ғайрирасмӣ ғолибу мағлуб ном бурда шудаанд.
Марҳилаи баъдӣ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ имзои созишномаҳо дар Маастрихт мебошад.
Маҳз дар ҳамон ҷо қадамҳои аввалин дар ҷиҳати қоҳиши манотиқи зери нуфузи Русия бардошта шуданд.
Аввалин кишваре, ки дар ин маврид дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт, ин Югославия буд.
Даҳҳо ҳазор қурбонӣ, баҳри хун, ранҷу азобҳои азим, вайрон кардани тамоми меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар ин кишвар мушоҳида шуд, аммо ин ҳамаро кӣ аҳамият дод?
Тақрибан дар баробари ин ва ба ҳамин тариқ, умуман, ИҶШС-ро хароб карданд.
Иттиҳоди ҷумҳуриҳо аз байн рафт, чунон ки арӯсҳои бой ба домодҳои худ мераванд. Дар ин хусус Русия аз касе талаби ҷуброн накардааст.
Мо ҳар хурду резеро ба назар намегирем.
Мо ҳама чизеро додем, ки бо саъю кӯшиши дастаҷамъонаи чандин наслҳо ба вуҷуд омада буданд, аммо дар ивази он русбадбинӣ, бегонаситезӣ ва густариши блоки низомии онҳоеро, ки моро шикастанд, ба Шарқ шоҳид шудем.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Ҳушдори Лавров аз ҷанг дар Аврупо дар сурати шомилшавии Украина ба НАТО
Дар айни замон, ки ин тасмимҳо таҷовузи ниҳонӣ ва хоҳиши ба даст овардани фишанг барои кишвари моянд, кӯшиш мекардем, Русияро наздик созем.
Кудурат, эҳсоси фалокат, фақр ва ҳатто фақирӣ вазъи рӯҳи миллатро дар он лаҳза муайян мекард ва ҳеҷ "бозори озод"-у садҳо навъ ҳасиби дастнорас дар он лаҳза наметавонистанд онро аз хотира тоза кунанд.
Онҳое, ки имрӯз моро "душман" меноманд, шояд аз шодӣ мерақсиданд, ки чӣ тавр русҳоро фиреб доданд.
Ва тахмин кардан мумкин аст, ки онҳо хандидаанд, ки чӣ кадар моҳирона ин содаҳоро фиреб дода тавонистанд.
Сарҳадҳои худро то ҳадди имкон васеъ намуда, Иттиҳоди Аврупо ба марҳилаи дуюм баромад.
Ҳам Вашингтон ва ҳам Брюссел тасмим гирифтанд, ки на ба маънои рамзӣ, балки дар асл аз Русия ҳамсояҳои наздиктарини худро ҷудо кунанд.
Он бо Гурҷистон чандон хуб набуд, бо Украина танҳо бори дуюм кор кард, бо Беларус онҳо ба фиаско дучор шуданд.
Сипас бо ҷорӣ кардани таҳримҳо кӯшиш карданд, ки Русияро аз ҷиҳати иқтисодӣ заиф кунанд.
Аммо печгуштӣ ба болт тоб наовард, шикаста шуд ва дар натиҷаи маҳдудиятҳо иқтисоди Русия дар ҳоле ки буҳрон пас аз буҳрон кишварҳои минтақаи Аврупоро такон дод, рушд кард.
Сардори дипломатияи аврупоӣ аз як сӯ мегӯяд, ки Иттиҳодияи Аврупо муваззаф аст, бо талошҳои Русия барои таҳмили иродаи худ ба кишварҳои дигар муқовимат кунад, аммо аз сӯи дигар китф дарҳам мекашад: “Иттиҳоди Аврупо 40 дарсади гази худро аз Русия мегирад ва то ҳол мо дар ин бора коре карда наметавонем. Маскав тамоми уҳдадориҳои худ дар мавриди интиқоли газ иҷро мекунад, аммо ин далелро барои шантаж истифода менамояд".
Глава МИД РТ Сироджиддин Мухриддин провел встречу со Специальным представителем Европейского Союза по Центральной Азии Тери Хакала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Баррасии масоили сиёсӣ ва амниятӣ миёни Тоҷикистону Аврупо
Ҷозеп Боррел таъкид мекунад, ки "мушкилоти Русияро бо усулу суханҳои дипломатӣ ҳал кардан мумкин нест" ва азбаски ибораи "артиши аврупоӣ" имрӯз танҳо дар рӯи коғаз вуҷуд дорад, вай Вашингтонро таъриф мекунад ва онро "иттифоқчии содиқ" мегӯяду дар хулоса менамояд: "Мо бояд муҷаҳҳаз бошем, то ба амалиёт комилан омода шавем".
Дар ин ҷо, албатта, мехоҳам ёдовар шавам, ки ин омодагӣ ба муқобила бо Русия чӣ гуна анҷом меёбад ва он ба худи Аврупо чӣ гуна посух медиҳад.
Аммо агар касе аз беандешагӣ, сабукфикрӣ ва ё аз саъю кӯшиши суст дар мактаб дарси таърихро фаромӯш карда бошад, мо омодаем, ки мисли муаллимони хуб боз дар назди тахтаи синф бо ишорачӯбу харита пайдо шавем ва онҳоро дарс диҳем.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала