Болоравии қурби рублу доллар дар Тоҷикистон: БМТ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

Доллары, рубли и евро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби евро коҳиш ёфтаву аз рублу доллар бошад, боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар боло рафта, ҳоло 1000 рубл 0.153,6 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар барои 1000 рубл 0.152,9 сомонӣ медоданд.
Арзиши асъори аврупоӣ низ боло рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.7814 сомонӣ қимат дорад. Ду рӯз қабл дар кишвар бар ивази 1 евро 12.7803 сомонӣ медоданд.
Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медиҳад ва дар ҳоли шинокунанда қарор дорад.
Арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад, ва дар поёни сол майли гаронӣ дорад. Ҳоло 1 доллар дар бозори арзи кишвар 11.3000 сомонӣ аст.
Иқтисоддон гуфт, ки навъи нави коронавирус чӣ гуна долларро тағйир медиҳад
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.7814 то 12.9900 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1536 то 0.1555 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала