Рӯзи нишасти ғайрирасмии сарони ИДМ дар Русия эълон шуд

© Пресс-служба президента КР / Султан Досалиев Флаги государств СНГ. Архивное фото
Флаги государств СНГ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Обуна шудан
Ба гуфтаи сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков, дар Санкт-Петербург мулоқоти рӯ ба рӯи сарони ИДМ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Сухангӯи Владимир Путин Дмитрий Песков тасдиқ кард, ки нишасти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои ИДМ рӯзи 28-уми декабр дар Санкт-Петербург барпо мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, мулоқоти сарони кишварҳои муштарак-ул-манофеъ дар шакли дидори мустақим мегузарад.

"Дар воқеъ, барои мулоқоти шахсии президентҳо омода мешавем", - гуфт Песков.

Ташаббуси баргузории мулоқоти ғайрирасмӣ аз сӯйи Владимир Путин, раҳбари Русия ироа шудааст.
Қарор аст, дар ин дидор раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко, раҳбари Қирғизистон Содир Ҷабборов ширкат кунанд.
Ду намоянда аз Қазоқистон ба Санкт-Петербург меоянд - раисҷумҳури ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев ва раисиҷумҳури нахустини он Нурсултон Назарбоев.
Ежегодная пресс-конференция президента России Владимира Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Русия шарики асосии ин кишвар дар Осиёи Марказиро эълон кард
Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ ба ин дидор даъват шудаанд.
Қаблан гуфта мешуд, дар ҳошияи як нишасти ғайрирасмӣ дар пойтахти шимолии Русия эҳтимол музокироти ҷудогонаи раҳбари Русия ва президенти Беларус сурат гирад.
Лентаи хабарҳо
0