Тоҷикистониёнро рӯзҳои истироҳатии сарду барфӣ интизор аст

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЗима в городе Душанбе
Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Сокинони тамоми манотиқи кишварро рӯзҳои истироҳатӣ сардиву барфрезӣ интизор аст
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои оянда сардӣ ва дар як қатор минтақаҳо коҳиши ҳарорат пешгӯӣ мешавад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Рӯзи якшанбе дар Душанбе бориши барфи зиёд дар назар аст. Ҳаво рӯзона аз 11 то 5 дараҷа паст шуда, шабона то 1 дараҷа сард мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Ваҳдат, боришот назар ба пойтахт ду баробар зиёд мешавад, аммо ҳарорат бетағйир боқӣ мемонад. Танҳо дар навоҳии куҳсор то 2 дараҷа, дар баъзе ҷойҳо то 6—11 дараҷа хунук, рузона 0—5 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб ҳаво камабр шуда, дар баъзе ҷойҳо туман мефародя. Барфрезӣ сар аз рӯзи шанбе оғоз мешавад.
Девочка в окне домика зимой  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Ҳушдори КҲФ аз сармои шадиду яхбандӣ дар Тоҷикистон
Ҳаво рӯзона аз 15 то 6 дараҷа поин мешавад ва шабона аз +1 то -4 дараҷа мерасад.
Дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ғарби он ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона -4+1 дараҷа ва дар шарқи ВМКБ сармо то 25-3 дараҷа сардӣ мерасад.
Дар Хоруғ рӯзона то 2 сард шуда, тамоми рӯзҳои истироҳат барф меборад.
Дар шимоли кишвар, вилояти Суғд, пас аз рӯзи ҷумъаи офтобӣ зимистон фаро мерасад. Шамол то 10 метр дар як сония мевазад. Илова бар ин бориш оғоз мешавад.
Дар Хуҷанд рӯзона ҳудуди 20 миллиметр барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 5 дараҷа хунук ва рӯзона +1-4 дараҷа мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала