Равоншинос нишонаи асосии хиёнат ба ҳамсарро гуфт

© Pexels / Vera ArsicМуж и жена ссорятся
Муж и жена ссорятся - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2021
Обуна шудан
Яке аз сабабҳои маъмултарини ҷудошавӣ ин хиёнат аст, аммо баъзе одамон аз хиёнати ҳамсарашон моҳҳо ва ҳатто солҳо пас огоҳ мешаванд. Равоншинос гуфт, хиёнаткор маъмулан чӣ рафторе дорад
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Равоншиноси амрикоӣ Дэниел Акон аломатеро ном бурд, ки дарҳол пас аз рафтани шарики "ба тарафи чап" аз хиёнати ӯ шаҳодат медиҳад, менависад портали "Доктор Питер".
Баъзе одамон боварӣдоранд, ки дер ё зуд хиёнат рӯй медиҳад - ин танҳо суоли вақт аст. Охир, тамоми умр бо як шахс гба сар бурдан ва гум накардани таваҷҷуҳ ба ӯ ва аз даст надодан хеле мушкил аст, аз ин рӯ хиёнат як чизи муқаррарӣ ҳисобида мешавад, ҷуфтҳое ҳастанд, ки ҳатто муносибатҳои "озод" доранд.
Девушка закрывает лицо руками - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2021
Чаро шавҳарам ба ман хиёнат мекунад?
Дигарон, баръакс, ҳатто пас аз солҳои тӯлонии издивоҷ омода нестанд, ки хиёнатро қабул кунанд. Фарзандон, моликияти муштарак ва дигар омилҳо аз талоқ наҷот намедиҳанд.
Ба гуфти равоншинос, ҳамин ки шарик ба "ба чап рафтан" - ро оғоз мекунад, рафтори ӯ фавран тағйир меёбад: ӯ шуморо ба хиёнат муттащаммекунад, гарчанде ки барои ин ҳеҷ асос нест.

"Агар шарики шумо бе ягон далел шуморо ба фиребгарӣ муттаҳам кунад ё аз он, ки шумо ба касе хеле наздик шуда истодаед, хашмгин шавад, ин одатан маънои онро дорад, ки ӯ ба шумо хиёнат мекунад. Вай хавотир мешавад, ки шумо низ ҳамин тавр мекунед", - шарҳ дод Акон.

Гап сари ин аст, ки хиёнаткор аз дастгир шуданаш хеле метарсад. Аз ин рӯ, ӯ мекӯшад, ки аз масъулият канорагирӣ кунад ва бо ин тарсу ҳаросро ба шарики худ нишон диҳад.
Баъзан шарик гумон мекунад, ки ин таваҷҷуҳи ногаҳонӣ ба ҳар як дақиқаи ҳаёти ӯ аз ишқи бузург гувощь медищад, зеро ба ӯ барои донистани тамоми реҷаи ҳаррӯза аз "а" то "я" муҳим аст. Аммо, дар воқеъ дар ин ҷо аз муҳаббат сухан рондан мумкин нест.
Равоншинос тавзеҳ дод, ки ин нишона танҳо дар сурате дуруст буда метавонад, ки муносибатҳои байни шарикон қаблан ошкоро буданд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба Акон менависанд, ки метавонанд шарики худро аз тарси аз даст додан, ба хиёнат муттаҳам кунанд. Баъзе одамон хавотиранд, ки ногаҳон онҳоро танҳо мегузоранд.
Лентаи хабарҳо
0