Зодрӯзи Камол Насрулло: 25 декабр дар таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 25 декабря
День 25 декабря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2021
Бисту панҷуми декабр дар Ангола ва Мозамбик – Рӯзи оила буда, дар Чин ва Тайван Рӯзи Конститутсия аст

Рӯзи 25-уми декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1983 Миср ва Ҷордания дар бораи барқарор намудани муносибатҳои иқтисодӣ созишнома имзо карданд.
Соли 1896 дар Милан аввалин рӯзномаи сотсиалистии Италия — "Ба пеш!" ("Avanti!"," Вперед!") нашр шуд.

Рӯзи 25-уми декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе нақшаи ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо Муассисаи наҷоти атфоли СММ дар бораи амалӣ сохтани барномаи тадбирҳо барои солҳои 2010 – 2015 имзо шуд.
Соли 2010 дар Душанбе шаби эҷодӣ ва рӯнамоии китоби Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло "Рӯ ба меҳроби Ватан" баргузор шуд.
Соли 2010 дар фарҷоми ҳамоиши 11-уми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) дар шаҳри Истанбули ҷоизаи фарҳангии созмон барои дастовардҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба олим ва фарҳангшиноси тоҷик Фароғат Азизова тақдим шуд.
День 24 декабря  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Зодрӯзи Ҷӯрабек Муродов ва Ҳаётой Муъминова: 24 декабр дар таърих
Соли 2012 дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи "Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015" баррасӣ гардид.
Соли 2012 дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба варзишгарони беҳтарини сол барпо шуд.

Ҷашнҳои 25 декабр

Дар Ангола – Рӯзи оила;
Рӯзи оила дар Мозамбик;
Рӯзи Конститутсия дар Ҷумҳурии Халқии Чин ва Тайван.

Рӯзи 25-уми декабр кӣ ба дунё омадааст?

Нусратулло Абдуллоев (1940) – журналисти шоистаи Тоҷикистон;
Худойназар Асозода (1941) – доктори илми филологӣ, профессор;
Юрий Бахматов (1927) - рассом;
Евгений Бертелс (1890 – 1957) – шарқшинос, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон;
Исмоил Давлатов (1946 – 2000) – доктори илми иқтисод, профессор;
Валентина Ершова (1946) - рассом;
Евгений Замарин (1893 – 1984) – доктори илми кишоварзӣ;
Камол Насрулло (1950) – Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ;
Баҳром Қодиров (1975) – оҳангсоз, мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
Абдулоиқ Лақаев (1969) - меъмор-таъмиргар.
Салим Муқимов (1946 – 1982) – актёри театр, сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
Назаралӣ Ҳакималӣ (1948) – нависанда;
Виктор Приписнов (1930 – 2004) – доктори илми фалсафа, профессор;
Юрий Пӯлодов (1940) - оҳангсоз;
Абдуҳалим Раҳимҷонов (1943) - доктори илми тиб, профессор (Қирғизистон);
Ҳайдар Саидов (1940) – физик, профессор;
Амина Табарова (1958) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
Бердимурод Турдимуродов (1941) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
Маърифат Холиқова (1937) – муназзими овози радио, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон;
Воҳид Шарифов (1922 – 1994) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон;
Эгамназари Соҳибназар (1952) - шоири узбекзабони Тоҷикистон;
Зуҳуриддин Юсуфӣ (1946-2011) – доктори илми кимиё, профессор.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала