Баҳодурзода ба аёдати наздикони дар муноқишаи марзӣ фавтида рафт: ба кӯдакон тӯҳфа бурд

© Sputnik Баҳодрузода ба аёдати наздикони дар муноқишаи марзӣ фавтида рафт
Баҳодрузода ба аёдати наздикони дар муноқишаи марзӣ фавтида рафт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2021
Шаҳрдори Исфара барои аёдати хонаводаҳое, ки наздиконашон дар пайи муноқишаҳои марзӣ ҳалок шуда ва маҷруҳ гардида ба ҷамоатҳои Сурху Чоркӯҳ ва Хоҷаи Аъло рафт
ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Баҳодурзода Баҳоваддин дар ин сафари қабл аз солинавияш ба хонаводаҳое, ки аъзои оилаашон бар асари танишҳои марзӣ қурбон шуданд, маводи озуқаворӣ бурда, ҳамчунин ба кӯдакони чунин оилаҳо тӯҳфаҳо тақдим намудааст.
Зубайдулло Шомадов, сухангӯи шаҳрдори Исфара дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Баҳодурзода дар ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ, ва Хоҷаи Аъло ҳудуди бист хонаводае, ки пайвандонашон дар муноқишаҳои марзӣ ҳалок ва маҷруҳ гардида аёдат намудааст.
То сӯзану ришта: тақдими пурраи хонаҳо ба сокинони зарардидаи муноқишаи марзӣ - акс
“Аз ҷумла ба даҳ оила дар ҷамоати Хоҷаи Аъло, як оила дар ҷамоати Сурх ва инчунин ба хонаводаҳо дар ҷамоатҳои Сурх ва Чоркӯҳ кӯмакҳои ғизоӣ расонида шуд. Чунин хонаводаҳо ҳамеша дар таваҷҷӯҳу дастгирии ҳукумат ва роҳбарияти шаҳр қарор доранд” - гуфт, Шомадов.

Таърихи муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28 апрел вахим шуд. Дар маркази тақсимотии оби "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша ба амал омад.
Мақомоти ҳарду кишвар бар ин боваранд, ки макони тақсими об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо ҳанӯз ин масъала ҳал нашудааст.
Рӯзе баъд, 29 апрел низои байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2021
Ҷабборов: Сарҳади ҳамоҳангнашуда бо Тоҷикистон ба тамомияти Қирғизистон таҳдид мекунад
Дар ин росто вазирони умури хориҷӣ ва нахуствазирони ду кишвар музокироти изтирорӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ аз марз тавофуқ ҳосил, аммо рӯзи дигар тирпаронӣ аз сар гирифта шуд.
Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, 87 нафари дигар, аз ҷумла худи Баҳодур Баҳоваддинзода, шаҳрдори Исфара низ ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки дар ин муноқиша 36 шаҳрванди ин кишвар кушта ва тақрибан 200 нафари дигар аз онҳо захмӣ шудаанд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби муноқиша шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала