Эмомалӣ Раҳмон Русия меравад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанРабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан для участия в СВМДА
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан для участия в СВМДА - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2021
Ташаббуси баргузории мулоқоти анъанавии ғайрирасмӣ аз сӯйи Владимир Путин, раҳбари Русия ироа шудааст
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба нишасти ғайрирасмии сарони ИДМ даъват шуд.
Ин нишаст дар назар аст, 28 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург барпо шавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Русия.
Сухангӯи Владимир Путин Дмитрий Песков қаблан гуфта буд, ки мулоқоти сарони кишварҳои муштарак-ул-манофеъ дар шакли дидори мустақим мегузарад.
Ташаббуси баргузории мулоқоти ғайрирасмӣ аз сӯйи Владимир Путин, раҳбари Русия ироа шудааст.
Президент РФ Владимир Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
ВУХ: Путин бо Раҳмон ва Мирзиёев доиман дар тамос аст
Қарор аст, дар ин дидор раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ва раҳбари Қирғизистон Содир Ҷабборов ширкат кунанд.
Аз Қазоқистон бошад, ба Санкт-Петербург раисҷумҳури ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев ва раисҷумҳури нахустини он Нурсултон Назарбоев мераванд.
Ҳамчунин раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ ба ин дидор даъват шудаанд.
Ин нишасти ғайрирасмӣ то замони пандемия пеш аз Соли Нав ҳамасола баргузор мешуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала