Хидматрасонии тиббӣ дар Ворух беҳтар мешавад

Рентген-кабинет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2021
Пизишкони ин минтақаи Тоҷикистон имкон пайдо карданд, то аз тариқи дастгоҳи муосири рақамӣ беморонро муоина кунанд
ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Дар вилояти Суғд як муассисаи нави тандурустӣ ба истифода дода шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Суғд, дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара утоқи рентгенӣ ифтитоҳ ёфт.
Пизишкони ин минтақаи Тоҷикистон имкон пайдо карданд, ки аз тариқи дастгоҳи муосири рақамӣ беморонро муоина кунанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои таҷҳизи утоқи рентгенкунии рақамӣ қариб ду миллион сомонӣ харҷ кардааст.
Ҳамчунин мақомот бинои иловагии осоишгоҳ дар Ворухро ба истифода додаанд.
Бо дастгирии молии соҳибкорони маҳаллӣ бинои иловагии пансионат бунёд гардида, дар он ҳуҷраи маросими хатнасур, таваллудхона ва шуъбаи навзодон бунёд гардидааст.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар маросими ифтитоҳи он ёдовар шуд, ки мақомоти Тоҷикистон соҳаи тандурустиро яке аз бахшҳои муҳим медонанд.
Маблағгузорӣ барои ҳифзу беҳтар кардани шароит дар соҳаи тандурустӣ сол то сол меафзояд, садҳо муассисаҳои нави тиббии замонавӣ сохта мешавад. Қобили зикр аст, дар буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2022 ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзалият дода шудааст, ки тақрибан нисфи маблағ барои ин соҳа ихтисос меёбад.
Мақомоти ҷумҳурӣ барои соҳаи тандурустӣ ҳудуди 2,9 миллиард сомонӣ (ҳудуди 240 миллион доллар) ҷудо мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала