Тагиров аз идомаи ширкат дар озмуни "Голос" маҳрум шуд - видео

© TheVoiceRussiaИльхом Тагиров на шоу "Голос"
Ильхом Тагиров на шоу Голос - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2021
Обуна шудан
Илҳом Тагиров, яке аз маъруфтарин таронаҳои солинавиро бо забони англисӣ суруд
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Сарояндаи ҷавони тоҷик Илҳом Тагиров дар даври ниманиҳоии озмуни телевизионии русии "Голос" ҳунарнамоӣ кард.
Илҳом суруди машҳури "Let It Snow"-ро иҷро кард. Ин яке аз маъруфтарин сурудҳои солинавӣ дар забони англисӣ аст.
Ин таронаи Сэмми Кан ва Ҷулес Стейн буда, бори аввал аз ҷониби Вон Монро дар соли 1945 сабт шудааст. Онро инчунин Франк Синатра, Дин Мартин, Элла Фитзҷералд, Род Севарт ва бисёр аз ҳунармандони дигар сурудаанд.
Аз рӯи ҷамъбасти мусобиқа, рақиби Тагиров Ернар Садирбоеви қазоқ ба финали мусобиқа роҳ ёфт.
Тибқи шартҳои озмун, баҳодиҳии ҳунармандон дар ду марҳила сурат мегирад. Аввал ба сарояндагон аз ҷониби мураббии даста холҳо дода, баъдан натиҷаи овоздиҳии тамошобинон эълон карда мешавад. Ғолиб аз рӯи ҷамъи холҳо муайян мешавад.
Устоди тим Дмитрий Билан баромади ҳарифи Тагировро афзалтар донистааст. Билан ба ҳунарнамоии Тагиров 40 ва Содирбоев 60 раъй дод.
Аз миёни тамошобинон бошад, Тагиров 31,5% ва Садирбоев 68,5% ороъро ба даст оварданд.
Билан бо ин дастпарваронаш кор карданро ифтихор донист ва гуфт, онҳо аллакай овозхонҳои касбӣ ҳастанд.
"Ман аз шумо хеле миннатдорам, аммо мефаҳмед, ки ин ҳама бозӣ аст. Ман имрӯз барои кори шумо баҳо додам. Шумо ҳар ду овозхони комил ҳастед!" - илова кард овозхони рус пеш аз ҷудо шудан бо яке аз аъзои дастааш.
Илҳом Тагиров 27 сол дорад ва зодаи шаҳри Турсунзода мебошад. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, донанадаи чор забон - тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ аст. Тавре худаш мегӯяд, маълумоти мусиқӣ надорад ва касе аз хонаводаашон низ санъаткор нест.
Лентаи хабарҳо
0