Рӯйхат дар пандемия: Абузабӣ Тоҷикистонро дар феҳрасти кишварҳои бехатар қарор дод

© Sputnik / Виталий БелоусовДворец президента ОАЭ в Абу-Даби.
Дворец президента ОАЭ в Абу-Даби. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2021
Обуна шудан
Идораи фарҳангу сайёҳии Абузабӣ, пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ Тоҷикистонро дар феҳрасти кишварҳои ба истилоҳ "сабз" ё бехатар қарор додааст
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Абузабӣ феҳрасти кишварҳои бехатар барои сайёҳат дар шароити пандемияро бозбинӣ намуда, бархе аз кишварҳои Африқо ва Амрикои Лотиниро аз он хориҷ кард. Рӯйхати ба истилоҳ "сабз" аз 95 то ба 73 кишвар ихтисор карда шуд.
Таъкид шудааст, ки барои сайёҳон аз кишварҳои дохили феҳраст зимни вуруд ба ИМА зарур нест, ки дар карантин бишинанд. Қоидаҳои ҷадид аз 26 декабр мавриди амал қарор мегиранд, хабар додаанд расонаҳо бо такя ба Идораи фарҳангу сайёҳии Абузабӣ.
Зикр гардидааст, ки тағйирот ба далели бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар бархе кишварҳо роҳандозӣ гардидааст.
Паломники на расстоянии во время Хаджа в Мекке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Ширкатҳои умури ҳаҷ интизор доранд, ки сафари зоирини тоҷик аз аввали 2022 оғоз мешавад
Ба рӯйхати кишварҳои амн дар баробари Тоҷикистон инчунин Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Исроил, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Русия, Туркманистон, Украина ва Ӯзбекистон ворид мешаванд.
Барои сафар ба Абузабӣ сайёҳонро зарур аст, ки на бештар аз 48 соат қабл аз лаҳзаи вуруд аз ташхиси ПСР гузаранду дар сомонаи махсус сабт шаванд. Инчунин бо насби замима дар телефонҳо дар фурудгоҳ низ аз ташхиси фаврии коронавирус мегузаранду баъди 6 рӯзи ҳузур дубора ин корро такрор мекунанд.
Барои афроде, ки ваксина нагирифтаанд, дар рӯзи нуҳуми ҳузур дар Абузабӣ низ ташхис таъйин гардида, вуруд ба бархе аз ҷойҳои ҷамъиятӣ барояшон маҳдуд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0