Пешгӯии Думаи давлатӣ: Украина моҳи феврал ба Русия ҳамла мекунад

© AP / Evgeniy MaloletkaУкраинский военнослужащий на борту корабля береговой охраны в порту Мариуполя
Украинский военнослужащий на борту корабля береговой охраны в порту Мариуполя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2021
Вакили Думаи давлатӣ, Делягин, ҳамлаи Украина ба Қрим, Ростови лаби Дон, Белград ва Брянскро пешгӯӣ кард
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Вакили Думаи давлатӣ аз ҳизби "Русияи одил - Барои ҳақиқат" Михаил Делягин гуфт, ки Украина метавонад дар авоили соли 2022 ба чанд минтақаи марзии Русия ҳамла кунад, хабар медиҳад РИА Новости.
"Таҳдиди воқеии ҳамла ба Русия вуҷуд дорад, онҳо (украинҳо - идора.) ба ин омодаанд, аммо онҳо аслан инро намехоҳанд <...> Ғарб онҳоро ба ин кор сахт тела медиҳад", - гуфт вакили парлумон.
Делягин афзуд, ки раҳбарияти Украинаро вазъи бади дохилӣ, "вазъи ноумедии мутлақ" ба сӯи амалҳои хашмгин тела медиҳад.
"Аз авоили моҳи феврал ба минтақаи хавф ворид мешавем ва шояд то охири моҳи март он ҷо боқӣ монем", - пешгӯӣ намудааст вакили рус.
Ба гуфтаи сиёсатмадор, ҳамлаҳо ба Қрим, Ростови лаби Дон, Белгород ва Брянскро бояд интизор буд.
Ежегодная пресс-конференция президента России Владимира Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Путин: Ҳаракати НАТО ба самти шарқ қобили қабул нест
Вақтҳои охир Ғарб бештар иддао мекунанд, ки Русия ба "ҳуҷуми" Украина омодагӣ мегирад. Маскав инро рад мекунад ва мегӯяд, ки ба касе таҳдид намекунад ва ҳаракати нерӯҳо дар қаламрави худ набояд касеро ташвиш диҳад.
Тавре Кремл борҳо таъкид кардааст, чунин ҳамлаҳо ҳамчун баҳона барои ҷойгир кардани техникаи ҳарбӣ ва нерӯҳои НАТО дар марзҳои Русия истифода мешаванд
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала