Ҳавои шаби Соли Нав дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд? Пешгӯии ҳавошиносон

© SputnikВ Душанбе установили новогоднюю елку
В Душанбе установили новогоднюю елку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2021
Обуна шудан
Ҳаво дар Тоҷикистон рӯзҳои охири моҳи декабр ва аввали моҳи январ таҳти таъсири сиклони сибирӣ қарор хоҳад гирифт
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди таъсири сиклони сибирӣ рӯзи таҷлили Соли Нав дар кишвар нисбатан гарм хоҳад буд. Дар Соли Нави Тоҷикистон ҳаво соф ва бебориш хоҳад буд, хабар додааст шабакаи телевизионии "МИР 24" бо такя ба Ожонси ҳавошиносии кишвар.
Манбаъ афзуд, ҳарорати ҳаво шабона аз сифр то панҷ дараҷа ва рӯзона то даҳ дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки ин пешгӯиҳои аввалия мебошанд. Дар маҷмуъ, ба гуфтаи ҳавошиносон, ҳарорати зимистони имсола дар қиёс бо солҳои пешин чанд дараҷа баландтар хоҳад буд.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Ба президент гуфтанд, чанд дарсади пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дуруст мебарояд
Дар ҳамин ҳол дар қисмати аврупоии Русия шаби Соли Нав ҳавои роҳати зимистонӣ пешгӯӣ мешавад. Александр Синенков, мутахассиси маркази "Фобос", аз тариқи телевизиони "МИР" изҳор доштааст, ки дар рӯзи таҷлили Соли Нав сардии шадид дар назар нест, аммо гармиро низ интизор набояд буд.
Ба гуфтаи ҳавошиносон, ба эҳтимолияти 70- 80-дарсадӣ дар Маскав ва атрофи он ҳарорати ҳаво дар Соли Нав аз 3 то 5 дараҷа хунук хоҳад буд. Инчунин резиши ками барф низ аз эҳтимол дур нест. Таъкид шудааст, ки ҳаво барои сайру барфбозӣ мусоид хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0