Ҷумъа гуфт, "Роғун" хусусиятҳои энергияи сабзро дорад

Плотина на Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2021
Дар ҳоле ки бархе коршиносони ҷаҳонӣ нерӯгоҳҳои барқи обии азимро энергияи сабз намедонанд, Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон назарашро дар ин маврид баён кард
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Далер Ҷумъа мегӯяд, дар шароити Тоҷикистон нерӯгоҳҳои азим, аз ҷумла "Роғун" хусусияти энергияи сабзро доранд.
Ӯ дар суҳбат бо нашрияи "Ҷумҳурият" гуфт, Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои ангуштшуморе мебошад, ки метавонад сад дарсад худро аз ҳисоби энергияи сабз пурра таъмин намояду ба хориҷ низ нерӯ содир кунад.
Вазир иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон дар баробари рушди гидроэнергетика интизор меравад, то соли 2030 бо тавоноии 700 мегаватт нерӯгоҳҳои барқи офттобию бодӣ сохта шаванд, ки бештарашон дар шимоли ҷумҳурӣ ҷойгиранд.
Далер Ҷумъа рақаботпазирии Тоҷикистонро маҳз дар зарфиятҳои бузурги энергеияи сабзи ҷумҳурӣ арзёбӣ намуда, зикр кард, ки дар аксари кишварҳои минтақа аз нерӯгоҳҳои ҳароратӣ истифода мешавад.
Ба гуфтаи вазир, талабот ба нерӯ дар минтақа зиёд буда, дар сурати пиёда сохтани иқтидорҳои бузурги кишвар нерӯи барқ бе харидор нахоҳад монд.
Лампочка в подвале, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Далер Ҷумъа шикоятҳо аз "лимит"-ро шарҳ дод
Ин дар ҳолест, ки Максим Бистров, раиси Ассотсиатсияи шарикии ғайритиҷории Шӯрои бозор дар Русия низ ахиран зимни як ҳамоиш дар Маскав гуфт, даъвои мухолифини гидроэнергетикаи бузург, ки мегӯянд, садҳои бузург боиси хуруҷи газҳои гулхонаӣ мешаванд, дар мавриди Тоҷикистон дуруст нест.
Максим Бистров дар ҷаласаи Анҷумани дуюми АвруОсиё дар Маскав изҳор дошт, мухолифини гидроэнергетикаи бузург онро дар назар доранд, ки майдонҳои васеъ зери об мемонанд ва ин боис мешавад, ки ҷангалзорҳо ғарқ шудаву пӯсанду дар натиҷа газҳои гулхонаӣ хориҷ гардад.
"Ин иддао дар мавриди кишварҳои кӯҳӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дуруст нест. Он ҷо водиҳо ғарқ мешаванд, чун дар водӣ чандон ҷангалзор нест, мушкиле вуҷуд надорад", - таъкид намуд коршинос.
Ӯ афзуд, дар шароити Тоҷикистон гидроэнергетика ҳатто сабзтар аз онест, ки дар ҳамвориҳост.
Тоҷикистон, ки зарфияти бузурги обию энергетикӣ дорад, бо пиёда намудани тарҳҳои бузурги гидроэнергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳи "Роғун" ният дорад, баробари қонеъ намудани талаботи дохилӣ ба содиркунандаи асосии нерӯи сабз дар минтақа табдил ёбад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала