Маълум шуд, ки муҳоҷирони кадом давлатҳо бештар хостори гирифтани шаҳрвандии Русия ҳастанд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПаспорта РФ в процессе производства
Паспорта РФ в процессе производства - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2021
Обуна шудан
Шаҳрвандони Украина, Беларус, Молдова ва Қазоқистон аз ҳама беш кӯшиш мекунанд, шаҳрвандии Русияро ба даст оранд
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Дар соли 2021 муҳоҷирон бештар саъй намудаанд, то мақоми шаҳрвандии Русияро соҳиб шаванд. Инро оморро Вазорати умури дохилии Русия расонаӣ кард.
Ҳамин тариқ дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба беш аз 667 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ шиносномаи Русия дода шудааст. Ин теъдод назар ба моҳҳои январ-ноябри соли гузашта 105 ҳазор нафар бештар аст.
Шумораи хориҷиёне, ки барои муҳоҷират сабти ном шудаанд, низ афзоиш ёфтааст. Тибқи омори Вазорати умури дохилии Русия, тақрибан 12 миллион нафар аз ин раванд гузаштааст. Дар соли 2020 ҳудуди нуҳ миллион нафар аз шаҳрвандони кишварҳои мухталиф барои муҳоҷират ба Русия сабти ном шудаанд.

"Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2021 ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд 183 ҳазор раводид дода шудааст", - омадааст дар гузориш.

Гузашта аз ин дар ҳамин давраи соли 2020 ин рақам беш аз 206 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Возобновление очного обучения в вузах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Русия
Дар Русия гирифтани шаҳрвандӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ осон мешавад
Валентина Казакова, сардори Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия низ аз афзоиши шумори хориҷиёне, ки хоҳиши гирифтани шиносномаи Русияро доранд, хабар додааст. Ба шуъба бештари ин дархостҳо аз шаҳрвандони Украина, Беларус, Молдова ва Қазоқистон ворид мешаванд.
Қаблан Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи афзоиши шумори патентҳои меҳнатӣ дар ин кишвар хабар дода буд. Дар 11 моҳи соли 2021 ду миллион муҳоҷир ҳуҷҷат гирифтанд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 30% бештар аст.
Лентаи хабарҳо
0