Ҷузъиёти низоми махсуси назорати муҳоҷирон дар Русия ифшо шуд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузаштан ба хазинаи аксРейд УФМС по выявлению нелегальных мигрантов
Рейд УФМС по выявлению нелегальных мигрантов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2021
Хориҷиёне, ки таҳти назорат қарор доранд, вазифадоранд қоидаҳои муайянро риоя кунанд
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилии Русия ҷузъиёти режими будубоши муҳоҷирин дар кишварро ифшо кард.
Ҳамин тариқ, ба хориҷиён барои иваз кардани ҷои зисташон маҳдудиятҳо муқаррар мешавад. Онҳо бояд ба мақомоти танзимкунанда хабар диҳанд ва ё будубоши худро ба таври электронӣ тасдиқ кунанд, гуфт Валентина Казакова, сардори Сарраёсати корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия.
Илова бар ин, дар кишвар ба ҷои депортатсия ва ихроҷ, ҷорӣ кардани як тартиб –"бадарға" пешбинӣ шудааст.
Уборка снега в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2021
Хуснуллин гуфт ба Русия кадом муҳоҷирон лозиманд
Ёдовар мешавем, ки режими будубоши назоратӣ дар доираи назорати маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Он яке аз ҷузъҳои қонунгузории муҳоҷират мегардад. Ин навгониҳо охирҳои моҳи майи соли ҷорӣ ба назар гирифта шуданд. Қоидаҳоро на ҳама хориҷиён, балки танҳо онҳое риоя хоҳанд кард, ки ҳаққи будубош дар қаламрави Федератсияи Русияро надоранд, вале бо назардошти шароити кунунӣ маҷбуранд дар ин кишвар бимонанд.
Вазорати корҳои дохилӣ таъкид кардааст, ки чунин тадбир амният ва риояи қонунҳо дар соҳаи муҳоҷиратро беҳтар мекунад. Қаблан ин идора пешниҳод карда буд, ки тартиби будубоши шаҳрвандони дигар давлатҳо, ки барои кор ба Федератсияи Русия омадаанд, тағйир дода шавад.
Дар назар аст, ки барои онҳо се режими муҳоҷират ҷорӣ карда шавад: будубоши кӯтоҳмуддат (то 90 рӯз), будубоши дарозмуддат (то шаш моҳ) ва иқомати доимӣ. Иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ бекор карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала