Садамаи маргбор бо иштироки 22 мошин дар Бошқирдистон - видео

Дар бархе шоҳроҳҳои Русия ҳудуди 60 худрав бар асари шамолу барфрезии шадид банд мондаанд
Садама бо иштироки 22 мошин дар Бошқирдистон рух додааст, ки дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расида, панҷ нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Дар ин бора раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи минтақа хабар дода, афзудааст, ки сонеҳаи нақлиётӣ дар наздикии деҳаи Александровкаи ноҳияи Кармаскалин рух додааст. Сабаби садама бар асоси иттилои аввалия, шароити бади бодуҳаво мебошад.
Таъкид шудааст, ки суръати шамол то 20 метр дар як сония расида, дар роҳҳо барфтӯдаҳо ба вуҷуд омадаанд. Бархе аз қисматҳои шоҳроҳҳои федералӣ барои автобусҳо, таксӣ ва мошинҳои боркаш баста шудаанд.
Тучи над горной местностью  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2021
Бархӯрди ҳудуди 20 мошин дар роҳи Алмаато - Хоргос - видео
Шоҳидони ҳодиса барфрезӣ ва мошинҳоеро, ки дучори садама шудаанд, ба навор гирифтаанд.
Таъкид шудаст, ки дар шоҳроҳи М-5 миёни рустоҳои Серафимов ва Николаевкаи ноҳияи Туймазин беш аз 30 мошин бар асари барфрезӣ банд мондаанд. Феълан барои берун овардани худравҳо ду мошини КамАз бо барфрӯбҳо равона карда шудаанд.
Инчунин беш аз даҳ маҳаллаи аҳолинишини Бошқирдистон бе нерӯи барқ мондаанд. Барои барқарорсозии таъминоти барқ 60 гуруҳ сафарбар шудаанд.
Дар баробари ин дар пайи барфрезию шамол дар роҳи Маскав - Челябинск ҳудуди 30 мошин дармонда, наҷотдиҳандагон 50 нафарро тахлия кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала