Феълан як сафари хориҷии Путин дар соли 2022 дар нақша аст: Сухангӯй тафсилотро гуфт

© POOL / Гузариш ба медиабонкЕжегодная пресс-конференция президента России Владимира Путина
Ежегодная пресс-конференция президента России Владимира Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2021
Обуна шудан
Котиби матбуотии раисҷумҳури Русия, Дмитрий Песков изҳор дошт, ки дар ҷадвали боздидҳои хориҷии президент феълан як сафар сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Нахустин сафари хориҷии Владимир Путин, кишвардори Русия дар соли 2022, боздид аз Пекин хоҳад шуд.
Интизор меравад, ки президенти Русия дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии зимистона иштирок намояд, изҳор доштааст Дмитрий Песков дар суҳбат бо РИА Новости.
"То сафар ба Пекин дар айни ҳол ягон боздиди дигар дар нақша нест. Ин нахустин сафари хориҷӣ дар соли оянда хоҳад буд", - изҳор доштаст ӯ.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан для участия в СВМДА - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2021
Эмомалӣ Раҳмон Русия меравад
Дар зимн сухангӯи раисҷумҳури Русия таъкид намудааст, ки мулоқотҳои дигари байналмилалии Владимир Путин низ дар соли оянда дар назаранд, аммо мушахассот ироа нашудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Бозиҳои зимистона дар Чин аз 4 то 20-уми феврали соли 2022 баргузор мешаванд. Мусобиқаи варзишгарон дар намудҳои гуногун, аз ҷумла лижаронӣ, рақси болои ях, бобслей, биатлон, фристайл, хоккей ва ғайра дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0