Савганди Ҷавҳарӣ дар парлумон: Ӯ узви кумитаи парлумон дар умури байналмилалӣ шуд

© Дафтари матбуоти презтиденти ҶТМӯҷибахон Ҷавҳарова, вакили нави порлумони Тоҷикистон
Мӯҷибахон Ҷавҳарова, вакили нави порлумони Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2021
Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил ба ҳайси вакили нави Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон савганд ёд карда, ба узвияти кумитаи парлумон интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Муҷибахон Ҷавҳарӣ узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар бахши корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб гардид.
Лоиҳаи қарор дар ин бора дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон аз тариқи овоздиҳӣ қабул гардид, хабар дод нашрияи парлумонии "Садои мардум".
Ҷавҳарӣ бар асоси феҳрасти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон вориди парлумон шуд. Ӯ ба ҷои Идигул Қосимзода, ки моҳи июли соли равон даргузашт, ба курсии вакилӣ нишаст.
Центр города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2021
Аз дастгоҳи президент ба парлумон: Сатторзода мансаби нав гирифт
Маврид ба зикр аст, ки Муҷибахон Ҷавҳарӣ соли 1971 дар деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфараи вилояти Суғд таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси рӯзноманигор мебошад.
Ӯ аз соли 1993 то 2005 омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №27-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, то 2010 мудири ҳамин мактаб ва то соли 2014 ҳам сардори бахши маорифи шаҳри Исфара будааст. Аз ҳамон сол то 2020 дар вазифаҳои сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр, ёвари мудири кулли ҶСК "Ангишт", муовин, баъдтар мудири филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара таъйин шудааст.
Вазифаи охиринаш мудири бахши фарҳанги ҳукумати шаҳри Исфара будааст.
Муҷибахон Ҷавҳарӣ дар рӯйхати ҳизбии номзадҳои ҲХДТ дар интихоботи парлумонии соли 2020 таҳти рақами 15-ум сабт шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала