Азим Иброҳим хостори боз кардани долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ИДМ шуд

© Sputnik / Амир ИсаевАзим Иброхим, министр транспорта Таджикистана
Азим Иброхим, министр транспорта Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Обуна шудан
Вазири нақлиёти Тоҷикистон пешниҳод кард, долонҳои нақлиётии байналмилалӣ ва ҳамлу нақли мултимодалӣ* фаъол шаванд
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил даъват кард, долонҳои нақлиётии байналмилалиро роҳандозӣ намоянд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин вазорат.
Ӯ ин нуктаро зимни суханронӣ дар ҷаласаи 41-уми ҳамоҳангсозии нақлиёти кишварҳои узви ИДМ изҳор дошт.
Дар ин ҷаласа вазири нақлиёти Тоҷикистон аз зарурати истифодаи фанновариҳои рақамӣ ва ҷорӣ кардани низоми зеҳнии нақлиёт барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ гуфтааст.
Ба гуфтаи вазир, замони истифода аз долонҳои нақлиётии байналмилалӣ ва боз намудани долонҳои мултимодалӣ барои ҳамлу нақл фаро расидааст.
Железнодорожные пути, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Бо қатор то Кӯлобу бо худравҳо то Чин: Вазир аз ташкили долони мултимодалӣ гуфт
Вазорати нақлиёт тавзеҳ дод, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷаласа натиҷаҳои кори дар соли 2021 анҷомдодашударо баррасӣ намуда, масъалаҳои марбут ба рушди долонҳои нақлиётии байналмилалиро бо ҷорӣ намудани технологияҳои рақамии васеъ дар соҳа матраҳ карданд.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки татбиқи бандҳои барномаи то соли 2025-ро тибқи марҳилаи аввал ва стратегияи минбаъдаи рушди иқтисодии ИДМ, соҳоти бартари ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт то соли 2030, идома диҳанд.
Ёдовар мешавем, дар ҳоли ҳозир аъзои ҷаласаи машваратии ҳамоҳангсозии нақлиёти кишварҳои узви ИДМ инҳоянд: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон.
Ғайр аз ин намояндагони Озарбойҷон ва Туркманистон дар ин ҷаласаҳ бо ҳуқуқи овози машваратӣ иштирок мекунанд.
* - Ҳамлу нақли мултимодалӣ ҳамлу нақли молро аз рӯи як шартнома дар бар мегирад, вале дар айни замон он бо на камтар аз ду намуди нақлиёт анҷом дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0