Баррасии тағйирот ба Қонун дар бораи Ҳукумати Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевЦентр города Душанбе
Центр города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода тағйирот ба Қонун дар бораи ҳукуматро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 27 дек – Sputnik. Ташаббускори тағйирот ба Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи Ҳукумати Тоҷикистон" худи ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад, хабар дод дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагон.
Ба иттилои манбаъ, бар асоси лоиҳаи ҷадид, эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулки узви Ҳукумати Тоҷикистон мутобиқи талаботи Қонуни мубориза бо коррупсия ва қонунгузории андоз амалӣ мешавад. Таъкид шудааст, ки ҳадафи тағйирот мутобиқсозии он ба қонунгузории андоз ва мубориза бо коррупсия мебошад. Тафсилоти бештари эъломиякунии амволи аъзои ҳукумат феълан ироа нашудааст.
Агентство по финансовому контролю и борьбе с коррупцией в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Мақомдори оҷонсӣ фасодзадатрин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон гуфт
Тибқи қонуни муқовимат бо фасод дар Тоҷикистон, пешниҳоди эъломия аз сӯйи довталабони мансаби давлатӣ роҳандозӣ шудааст. Бар асоси ин меъёр, хоҳишмандони кор дар мақомҳои давлатӣ бояд қабл аз оғози кор дар бораи даромад ва амволи манқулу ғайриманқулашон эъломия пешниҳод намоянд.
Илова бар ин, минбаъд пешниҳод накардани ­эъломия дар бораи вазъи молумулкӣ ё пешниҳоди маълумоти бардурӯғ барои ба мансаб таъйин накардан ё аз мансаб озод намудан асос мегардад.
Ҳукумати Тоҷикистон аз сарвазир, ноибони ӯ, вазирон ва роҳбарони кумитаҳои давлатӣ иборат мебошад. Раиси ҳукумат дар ҷумҳурӣ президенти кишвар ба шумор меравад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала