IRS: Масири Душанбе - Чаноқ боз аст, вале барои баъзе нақлиёт маҳдудият ҷорист

© Дафтари матбуоти ширкати IRSБарфрӯбӣ дар масири Душанбе - Чаноқ
Барфрӯбӣ дар масири Душанбе - Чаноқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Обуна шудан
Ширкати IRS, ки ба ҷамъоварии маблағ аз худравҳои роҳгузар дар масири Душанбе - Чаноқ машғул аст, аз вазъи феълии ин роҳ иттилоъ дод
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Роҳи Душанбе - Чаноқ феълан боз аст, хабар медиҳад ширкати IRS дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Ин ширкат дар идома навиштааст, ки барои рафъи мавонеъ дар ин масир дар роҳи бархе аз васоили нақлия маҳдудият ҷорӣ шудааст.

"Ҳаракат барои мошинҳои "Фура" ва ҳамчунин нақлиёти ядакдор манъ карда шудааст", - омадааст дар хабари ширкати IRS.

Ёдовар мешавем, ки бегоҳи 26-уми декабр барфрезӣ дар бархе аз қисматҳои шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ шиддат гирифт.
IRS ба маълумоти онҳое, ки азми сафар аз тариқи ин роҳро доштанд, расондааст, ба ҳолати техникии автомобилҳояшон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Доштани занҷир дар ин марҳила ба манфиати кор мебошад, таъкид мешавад дар муроҷиатномаи ширкат.
Платный участок дороги в Варзоб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
IRS ҳаққи истифода аз масири Душанбе - Чаноқро гарон кард ва сабабашро гуфт
Ширкати мазкур илова намуд, ки тамоми нерӯ ва техника барои роҳрӯбӣ равона шуда, шароити ҳаракат барои тамоми намуди худравҳо муҳайё мебошад.
Ин дар ҳолест, ки тайи рӯзҳои охир дар масири Душанбе - Чаноқ барои анҷоми корҳои бозсозӣ ҳаракат аз тариқи нақби "Истиқлол" аз соати 9 то 13:00 рӯзона ва баъзан шабона низ маҳдуд мегашт.
Ширкати IRS ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон машғул мебошад ва ахиран эълон кард, ҳаққи истифода аз масири Душанбе - Чаноқро боло мебарад. Далели болоравии нарх афзоиши арзиши молу маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла маҳсулоти нафтию техника ва беқурбшавии пули сомонӣ тайи солҳои охир арзёбӣ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0