Хуснуллин гуфт, муҳоҷирон дар Русия чи бартарӣ доранд

Строители, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Намояндаи мақомоти Русия иқрор шуд, ки мушкили нарасидани кадрҳо дар кишвар, ки тавассути муҳоҷирони корӣ ҳал шудааст, дар замони пандемияи коронавирус ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Чаро муҳоҷиронро дар Русия иваз кардан иваз кардан имкон надорад, шарҳ дод муовини нахуствазири Русия Марат Хуснуллин дар гуфтугӯ бо ТАСС.
Вай гуфт, ки дар Русия норасоии шадиди захираҳои корӣ вуҷуд дорад.
Муовини сарвазири Федератсияи Русия тавзеҳ дод, ки то соли 2020 дар сохтмонҳои кишвар беш аз як миллион муҳоҷир кор мекарданд. Аксари онҳо рафтанд, танҳо чанд нафар баргаштанд.
Хуснуллин ҳамчунин гуфт, дар асл муҳоҷир ба ивази пуле, ки русҳо барои як басти ҳаштсоата мепардозанд, дар як шабонарӯз 12 соат кор мекунанд.
Уборка снега в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2021
Хуснуллин гуфт ба Русия кадом муҳоҷирон лозиманд
Дар баробари ин, ба гуфтаи сиёсатмадор, дар шароити феълӣ роҳи ҳалли оддӣ вуҷуд надорад.
"Коҳиш додани хароҷот мустақиман ба арзиш таъсир мерасонад. Чунин ибора ҳаст: истеъмолкунанда ҳама чизро пардохт мекунад. Масалан, мо муҳоҷиронро ворид накардаем, нархи қувваи корӣ боло рафт. Дар натиҷа ин ба арзиши манзил таъсир расонд", - гуфт мансабдор.
Хуснуллин инчунин вазъияти роҳи автомобилгарди Аврупо — Хитойи ғарбиро мисол овард. Ӯ гуфт, ки дар ин самти кор маоши ронандагон то ба 80-100 ҳазор рубл расидааст, аммо то ҳол одам намерасад.
"Қаблан дар хатсайр муҳоҷирон кор мекарданд, ҳоло онҳо намерасанд. Ҳамватанони мо барои рондани мошинҳои боркаш майли зиёд надоранд", - қатъиян қайд кард муовини сарвазир.
Хуснуллин афзуд, ки ҳатто дар хатсайрҳои кӯтоҳи ҳамлу нақли бор шаҳрвандони Федератсияи Русия барои кор талош намекунанд.
Бартараф кардани мушкилот, ба гуфтаи муовини сарвазир, зина ба зина аст ва роҳи асосии ҳалли камбуди кадрҳо баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала