Мулоқоти Путин ва Раҳмон дар Санкт-Петербург: видео

Раисҷумҳурҳои Русия ва Тоҷикистон дар остонаи нишасти ғайрирасмии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Санкт-Петербург ба гуфтугӯ шуруъ карданд
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқоти дуҷонибаи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҷараён дорад.
Сарони ду кишвар дар пойтахти шимолӣ дар чаҳорчӯби нишасти анъанавии ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ, ки 28 декабр бо ибтикори раисҷумҳури Русия дар ҳайати пурра баргузор мешавад, дидор карданд.
Маълум аст, ки мулоқоти дуҷонибаи Путин бо раҳбарони кишварҳои дигар низ дар назар аст.
Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Раҳмон барои ширкат дар нишасти сарони ИДМ ба Санкт-Петербург рафт
Ба ин тартиб руасои ҷамоҳири Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон низ вориди Санкт-Петербург мешаванд.
Ба ин ҳамоиш президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев низ даъват шудааст.
Ёдовар мешавем, соли гузашта бори охир Путин ва Раҳмон дар остонаи таҷлил аз Рӯзи ғалаба, нуҳуми май дар Маскав мулоқоти дуҷониба доштанд.
Моҳи сентябр раисҷумҳури Русия бояд дар нишастҳои СҲШ ва СПАД ба Душанбе меомад, аммо ба далели ошкор шудани коронавирус дар атрофиёнаш ин сафарро лағв кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала