Путин ба муҳоҷирон роҳи роҳат будан дар Русияро нишон дод

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин принял участие в работе XXX съезда РСПП
Президент РФ В. Путин принял участие в работе XXX съезда РСПП - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Кишвардори Русия роҳи самараноки омода кардани хориҷиёнро ба зиндагӣ дар Федератсияи Русия ном бурд
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Забони русӣ ба муҳоҷирон кумак мекунад, ки дар Русия беҳтар иқомат кунанд.
Ин роҳи боэътимоди мутобиқ шудан ба зиндагӣ дар кишвар аст.
Ин изҳоротро Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баён дошт.

"Маҳз омодагӣ дар чорчӯби омӯзиши забони русӣ роҳи беҳтарини мутобиқ кардани одамон аст, то онҳо оромона кор кунанд ва худро роҳат эҳсос намоянд", - таъкид кард ӯ.

Кишвардори Русия ба таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ нисбат ба забони русӣ дар Тоҷикистон ишора кард.
"Имрӯз ҳудуди як миллион нафар аз Тоҷикистон дар Русия ба сар мебаранд ва ба таври муваққат кор мекунанд", - гуфт Путин.
Президент РФ В. Путин принял участие в работе XXX съезда РСПП - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Путин сохтмончиёнро табрик кард: ба нишондоди рекордӣ расидем
Ба гуфти ӯ, дар соли 2020 муҳоҷирон аз ҷумҳурӣ ба ватани худ ҳудуди 1,7 миллиард доллар интиқол додаанд. Бар асари пандемияи коронавирус шумораи коргарони хориҷӣ дар Русия ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
Раҳбари Русия гуфт, мушкилоти марбут ба ҷараёни муҳоҷират ҳалли худро барои дастгирии иқтисод ва аҳолии Тоҷикистон тақозо мекунад.
"Хуб, саноати мо, умуман иктисодиёт, сектори бинокорй ба ҷалб намудани одамони сохибихтисос ва меҳнатдуст манфиатдор мебошанд, — гуфт ӯ.
Кишвардори Русия ҳамчунин афзуд, ки донистани забони русӣ барои муҳоҷирон натанҳо барои кор дар Русия, балки барои худро роҳат эҳсос крадан, кумак мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала