Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Путин аз вазъи марз дар Тоҷикистону Афғонистон нигарон аст

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин прибыл в Душанбе для участия в саммите СВМДА
Президент РФ В. Путин прибыл в Душанбе для участия в саммите СВМДА - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Раисҷумҳури Русия вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон нигаронкунанда аст, гуфт Владимир Путин зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон.

"Ҳоло вазъ дар марз бо Афғонистон боиси нигаронӣ аст. Ин як ҳолати объективӣ аст ва ман ин нигарониро қисмат мекунам", - афзуд роҳбари Русия.

Ба гуфтаи ӯ, Маскав ва Душанбе ҳамкориҳои худро дар заминаи амният густариш медиҳанд.
Президенти Русия таъкид намуд, ки бар асоси қарордодҳо, ба Тоҷикистон аслиҳаи зарурӣ ворид шуд.
"Акнун Тоҷикистон метавонад ба ҳар гуна таҳдидҳое, ки аз берун ворид мешаванд, ба таври муассир муқобила кунад", - таъкид намуд Владимир Путин.
Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Путин: Русия марзи Тоҷикистонро таҳким мебахшад
Ёдовар мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти анъанавии ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ, ки рӯзи 28-уми декабр дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мегардад, озими Русия шуд.
Бори охир Путин ва Раҳмон дар остонаи таҷлил Рӯзи ғалаба, 9 май дар Маскав мулоқоти дуҷониба доштанд.
Моҳи сентябр раисҷумҳури Русия бояд дар нишастҳои СҲШ ва СПАД ба Душанбе меомад, аммо ба далели ошкор шудани коронавирус дар атрофиёнаш ин сафараш ба Тоҷикистонро лағв кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала