Қарордод имзо шуд: Тоҷикистон як соли дигар ба Афғонистон барқ мефурӯшад

© PxhereЛиния электропередачи
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Тоҷикистон бо ширкати афғонистонии "Брешно" (DABS) қарордоди яксолаи содироти барқ имзо кард
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Тоҷикистону Афғонистон тавофуқномаи интиқоли нерӯи барқро имзо карданд, хабар медиҳад ширкати афғонистонии "Брешно".
Манбаъ меафзояд, ин қарордод дар ҷараёни сафари як ҳайати Афғонистон ба Тошканд тасвиб шуд. Зикр гардид, ки қарордодро Мирзо Имсоилзода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" ва Ҳофиз Муҳаммад Амин, раиси умумии иҷроияи ширкати "Брешно" имзо карданд.
Сафари намояндагони ширкати афғонистонӣ ба Ӯзбекистон ду рӯз идома ёфтааст, вале дақиқан маълум нест, ки дар кадом рӯзҳое он сурат гирифтааст. Ҳамчунин маълум нест, ки Тоҷикистон соли оянда чӣ қадар барқ ба Ҷумҳурии Афғонистон содир мекунад.
Дар зимн манбаъ зикр намуд, ки масъулини ин ширкат дар ҷараёни сафари дурӯза ба Тоҷикистон дар бораи тарҳҳои минтақаӣ, аз ҷумла CASA-1000 ва бунёди хатти 500-киловаттӣ дар бахши энержӣ гуфтугӯ кардаанд.
Линии электропередач в мороз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2021
Тоҷикистон барои содироти нерӯи барқ ​​ба Афғонистон ва Ӯзбекистон омода аст
Ёдовар мешавем, Афғонистон ба далели напардохтани қарзи нерӯи барқи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба хатари қатъи нерӯи барқ аз тарафи ин кишварҳо мувоҷеҳ аст.
Роҳбарияти ширкат ваъда додааст, қарзеро, ки тақрибан 62 миллион доллар аст, пардохт мекунад. Барои ҳалли мушкилот DABS нақша дорад, амволи мансабдорони ҳукумати собиқи Афғонистонро фурӯшад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала