Қавитар аз ҳарвақта: қурби сомонӣ дар охири сол устувор гардид

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Сомонӣ дар Тоҷикистон пас аз рӯзҳои истироҳати охири соли 2021 нисбат ба се асъори асосӣ - доллар, рубл ва евро мавқеъи худронигоҳ дошт
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Пули миллӣ - сомонӣ тавонист дар авохири сол дар баробари қурби доимии асъори хориҷӣ дар кишвар худро нигоҳ дорад.
Ба ин тартиб, тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон, сомонӣ дар баробари доллари амрикоӣ устувор аст. Ҳоло як доллар ба 11,30 сомонӣ баробар шудааст.
Ёдовар мешавем, ки пули миллӣ охирин маротиба моҳи августи соли 2021 то ҳадди имкон дар баробари доллар заиф шуда буд. Он замон барои як доллар дар бонкҳои кишвар 11,33 сомонӣ медоданд.
Дар мавриди арзи аврупоӣ бошад, як евро бо қурби БМТ 12,80 сомонӣ муомила мешавад. Баҳори имсол ин асъор ба болотарин ҳадди нишондодҳояшрасид, ки он замон барои як евро 13,83 сомонӣ медоданд.
Пачка долларов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Иқтисоддон гуфт, ки навъи нави коронавирус чӣ гуна долларро тағйир медиҳад
Рубл бошад, пас аз як муддати тӯлонӣ, ки дар ҳолати шинокунандаи қарор дошт, то охири соли ҷорӣ дар баробари сомонӣ муътадил боқӣ монд. Ҳоло дар кишвар ҳазор рубл бо қурби расмӣ то 153 сомонӣ арзиш дорад.
Қобили зикр аст, ки баландтарин нишондоди қурби рубл дар Тоҷикистон моҳи ноябри соли ҷорӣ мушоҳида шуд, ки он замон баро 100 рубл 158 сомонӣ медоданд.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала