Қодиров шарҳ дод, ки чаро зан наметавонад раҳбари Чеченистон шавад

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузаштан ба хазинаи аксГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Қодиров мегӯяд, зан наметавонад раҳбари Чеченистон шавад, аммо метавонад вазоратро раҳбарӣ кунад
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон дар нишасти хабарии солонааш гуфт, ки танҳо мард метавонад ҷумҳуриро идора кунад ва раҳбарии як вазорат ё ноҳияро метавон ба зан вогузор кард.
"Зан (роҳбари - ред.) қаламрави Чеченистон? Ба фикрам не. Сарвари оила ҳамеша мардон мешаванд. Аз ин рӯ, раиси ҷумҳурӣ бояд мард бошад. Вазорат, ноҳияро метавонад (зан – ред.) роҳбарӣ кунад”, - гуфт", - гуфт Қодиров дар посух ба суоли ин ки оё ҷумҳурии Чеченистонро зан роҳбарӣ карда метавонад ё на.
Глава Чеченской республики Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Ашкрезии Рамазон Қодиров дар маросими ханҷарсупорӣ ба писараш - видео
Қодиров ҳамзамон таъйин шудани духтарашро ба мақоми вазири фарҳанг низ шарҳ дод
Ӯ гуфт, таъйин шудани духтараш ба ин мақом ба он хотир аст, ки муваффақиятҳои ӯро дар ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг дид.
"Ман муддати тӯлонӣ фикр кардам, ки киро вазири фарҳанг таъин кунам.Дидам, ки ӯ дар вазифаи муовини аввали вазир кор кард ва чӣ комёбиҳо дорад. Танҳо ба далели он ки ин шахс хеши ман аст, ҳеҷ гоҳ касеро таъин накардаам", - афзуд Қодиров.
Ба гуфти Қодиров духтараш замони дар вазифаи муовин буданаш ба корҳое аз қабили рушди театр, осорхона, китобхонаҳо даст зад, ки қаблан касе намекард.
Ба гуфтаи ӯ, дар рӯйи мизи кориаш аризаи беимзо дар бораи истеъфои Аишат аз вазифааш аст - дар сурате, ки аз иҷрои вазифааш набарояд.
Айшат Қодирова, духтари калонии раҳбари Чеченистон 23 сол дошта, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Чеченистон ва аз соли 2016 директори хонаи мӯди "Фирдавс" аст. Моҳи сентябри соли гузашта ба мақоми муовини аввали вазири фарҳанги Чеченистон расид ва октябри соли ҷорӣ вазири фарҳанг таъйин шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала