Мошин ба дара парид: садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Хуҷанд

© саҳифаи интернетии ширкати IRSМошини газкаш дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба дарё сарозер шуд
Мошини газкаш дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба дарё сарозер шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд ронандае идораи нақлиёташро аз даст дода, ба дара мепарад
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар пайи ҳавои номусоиди шабонарӯзи гузашта дар роҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ як садасмаи маргбор сабт шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, садамаи маргбор 26 декабри соли 2021, соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ дар назди мавзеи Чоре пои мазори ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнии вилояти Суғд сар задааст.
Автомобиль упал в реку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Садамаи маргбор дар Бартанг: Ронанда ба дарё сарозер шуд
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Зарафшони ноҳия бо дарёфти хабар ба ҷойи ҳодиса расида, маълум карданд, ки мошини сабукрави тамғаи "Опел-Вектра" таҳти идораи марди 36-солаи сокини ноҳияи Айнин ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба Хуҷанд , идораи наклиётро аз даст дода, ба дара паридааст, афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи садама ронанда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
"Наҷотдиҳандагон бо истифода аз таҷҳизоти кӯҳӣ ба дара фуромада, бо истифода аз асбобҳои махсус ҷасади ронандаро аз мошини ғусса берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд", - афзудааст КҲФ.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ронандагон хостааст, ки ҳарчи бештар эҳтиёткорӣ намуда, тамоми қоидаҳои ҳаракати роҳ, инчунин меъёри суръатро риоя кунанд.
Ёдовар мешавем, минтақае ки садама рух додааст, аз хавфноктарин маконҳои ҳаракат дар самти ноҳияи Айнӣ дар тамоми фасли сол алалхусус зимистон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала