Садои ошно: даргузашти ҳунарпешаи шинохтаи дубляж дар Русия - видео

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкТраурная церемония
Траурная церемония  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Обуна шудан
Ҳунарпешае, ки қаҳрамонҳои филмҳои шинохтаи ҷаҳонӣ дар тарҷумаи русиро садо медод, даргузашт
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Андрей Ярославсев, ҳунарпешаи шинохтаи дубляжи Русия дар синни 65-солагӣ даргузашт. Дар ин бора ҳамкораш Дмитрий Череватенко дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" хабар додааст.
Ба гуфтаи Череватенко, сабаби даргузашти ӯ гирифторӣ ба коронавирус будааст.
Ярославсев шашуми августи соли 1957 дар шаҳри Маскав таваллуд шуда, баъди хатми мактаб ба Омӯзишгоҳи театрии ба номи Шукин дохил шудааст.
Бар асоси ҳолнома, ӯ давоми фаъолияташ ҳудуди 240 филмро садо додааст. Аз ҷумла бо садои Ярославсев қаҳрамон Албус Дамблдор аз филми "Ҳарри Потер", Ҳимли аз "Худованди ангуштаринҳо" - "Властелина колец" ва Оптимус Прайм аз "Трансформерҳо" суҳбат мекунад.
Ӯ ҳамчунин филмҳои зиёди тасвирӣ, аз қабили "Анастасия", "Болопӯши сиёҳ" - "Черный Плащ", "Самурай Ҷек" ва ғайраро садо додааст.
Инчунин садояшро метавон дар бархе аз намоишҳои телевизионӣ, ба монанди "Top Gear", "Форт Боярд", "Достонҳои кофтукови ҷиноии замони шӯравӣ" шунид.
Лентаи хабарҳо
0