Тоҷикистону Ӯзбекистон протоколи марзиро имзо карданд

© Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷВохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон
Вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҷаласаи панҷрӯза аломагузории марзро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Ҳайати ҳукумати Тоҷикистону Ӯзбекистон протоколи навбатии марзиро имзо карданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Бино ба гузориши манбаъ, рӯзҳои 20-25 декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе, вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайати ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардидааст.
Гуфта мешавад, ки зимни нишаст тарафҳо натиҷаи корҳои геодезӣ-топографӣ, аэроаксгирӣ ва демаркатсионие, ки дар соли 2021 анҷом дода шуданд, ҷамъбаст кардаанд.
Подпись документа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Имзои протокол: Тоҷикистону Ӯзбекистон аломатгузории марзро қисман ҳал карданд
Ҳамчунин тарафҳо, Нақша-ҷадвали вохӯриҳои гурӯҳҳои кориро барои соли 2022 мувофиқа намудаанд.
Намояндагони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба мувофиқа расидаанд, ки вохӯрии навбатӣ дар Ӯзбекситон барпо гардад.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳамдигар замин медиҳанд: чаро?
Дар поёни ин чорабинӣ протоколи дахлдор имзо шудааст.
Манбаъ афзуда, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузаштааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала