Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Вирусшинос: Омикрони бенишона марговар аст

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузаштан ба хазинаи аксЛечение больных Covid-19 в ККБ №2 Краснодара
Лечение больных Covid-19 в ККБ №2 Краснодара  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Вирусшиноси рус гуфт, чӣ гуна штамми нави COVID-19 метавонад ба таври ноаён ба гурӯҳҳои муҳофизатнашудаи шаҳрвандон зарба занад
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Беморӣ омикронии коронавирус метавонад бенишона бошад, гуфт Алексей Аграновский, доктори илмҳои биологӣ, профессори кафедраи вирусологияи факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Маскав дар суҳбат бо радиои Sputnik.
Ба гуфтаи мутахассис, феълан дар Русия навъи маъмултарини SARS CoV-2 варианти "делта" маҳсуб мешавад, ки дар он COVID-19 дар баъзе мавридҳо метавонад бидуни аломатҳои намоён буруз кунад.

"Штамми омикрони коронавирус як ҳикояи комилан нав аст, ягон омор ҷамъоварӣ нашудааст. Аммо мо метавонем тахмин кунем, ки омикрон ба мисли дигар штаммҳои коронавирус метавонад ба таври ноаён интиқол дода шавад", - гуфт Аграновский.

Раванди шабеҳи беморӣ ҳам дар беморони гирифтори штамми Вуҳан ва ҳам миёни онҳое, ки ба навъҳои минбаъда гирифтор шудаанд, мушоҳида шудааст. Коршинос қайд кард, ки сарфи назар аз саломатии хуби шахси сироятшуда вай барои дигарон хатарнок аст.
Алоқа бо шахси "сироятшудаи бе аломат" метавонад барои шахси дорои иммунитети заиф ба бемории вазнин табдил ёбад.

"Ғайр аз ин дар байни чунин интиқолдиҳандагони ноаён "супер паҳнкунандагони вирус" низ ҳастанд. Онҳо худашон бемор намешаванд, аммо миқдори зиёди вирусро хориҷ мекунанд ва метавонанд онро ба даҳҳо нафар интиқол диҳанд", - шарҳ дод вирусшинос.

Ягона роҳи мубориза бо интиқолдиҳандагони сироят ин ваксиназанӣ, риояи қоидаҳои санитарӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҷойҳои серодам аст, гуфт Аграновский дар суҳбат бо радиои Sputnik.
Ёдовар мешавем, штамми нави COVID-19 бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана кашф шуда буд.
 Ветеринар держит в руках шприц с препаратом Карнивак-Ков от COVID-19 в ветеринарной клинике в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Беларус ба ваксинзании кӯдакон алайҳи коронавирус шуруъ кард: Дар Тоҷикистон чӣ?
Он аз дигар штаммҳо бо афзоиши таҳаввул, ки паҳншавии вирусро суръат мебахшад, фарқ мекунад.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ин штаморо "нигаронидакунанда" хонд ва бо он номи ҳарфи 15-уми алифбои юнонӣ, омикронро гузошт.
Мясников сатҳи пасти маргумир аз омикронро шарҳ дод
То имрӯз дар Русия 41 мавриди сироят бо омикрон расман сабт шудааст. Асосан онро ба кишвар сайёҳоне, ки аз қитъаи Африқо омадаанд, овардаанд.
Қаблан раҳбари "Роспотребнадзор" Анна Попова гуфта буд, ки беш аз 75 дарсади ҳама ҳолатҳои коронавирус дар Африқо ба штамми нав марбут ва ин боиси нигаронӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала