"Барқи Тоҷик" расман қарордоди фурӯши барқ бо Афғонистонро шарҳ дод

© Sputnik / Sputnik / Амир ИсаевЗдание энергохолдинга "Барки точик", архивное фото
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Обуна шудан
Тоҷикистон бо ширкати афғонистонии "Брешно" (DABS) қарордоди яксолаи содироти барқ имзо кард
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Аз имзои ин қарордод расонаҳои Афғонистон як рӯз қабл хабар дода буданд, аммо ширкати "Барқи тоҷик" ҳамакнун онро шарҳ дод.
Байни ширкатҳои "Барқи тоҷик" ва "Брешно" қарордоди содироти барқ аз соли 2008 амал менамояд. Он ба муддати 20 сол баста шуда, то соли 2028 эътибор хоҳад дошт, хабар медиҳад, дафтари матбуотии ин ниҳод.

"Қарордоде, ки рӯзи 26-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд ба имзо расид, ин қарордодаи иловагӣ буда, ҳамасола барои муайян намудани ҳаҷми барқи интиқолшаванда имзо мешуд ва барои соли оянда амалӣ мегардид",- афзуд манбаъ.

Мувофиқи ин қарордоди иловагӣ, соли 2022 ширкати "Барқи тоҷик" ба "Брешно" дар гармо, аз моҳи май то сентябр, ҳар шабонарўз то 400 МВТ барқ интиқол хоҳад дод.
"Гап сари он ки кишвари мо дар ин давра барқи фаровон дорад ва харидори асосии он ширкати "Брешно" ба шумор меравад. Маблағе, ки аз содироти барқ зимни ин қарордод ҳар сол ба даст меояд, барои рушди системаи энергетикӣ хеле зарур аст", - таъкид кардааст "Барқи тоҷик".
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2021
Толибон гуфтанд қарзи барқи Тоҷикистонро медиҳанд: коршинос гуфт, наметавонанд
Гуфта мешавад, миқдори барқе, ки дар фасли тирамоҳу зимистон ба ширкати "Брешно" интиқол меёбад, 25-30 МВТ-ро ташкил дода, аслан барои ҳифзи таҷҳизоти энергетикист ва ин миқдор барқ ба тавозуни умумии таъминоти барқи кишвар таъсире надорад.
Як шарти муҳими ин қарордоди иловагӣ дар муҳлатҳои баррасигардида пардохт намудани қарзҳои ширкати "Брешно" буда ва ин аллакай амалӣ гашта истодааст.
"Барқи Тоҷик" гуфтааст, имзои қарордоди иловагӣ фақат ҷанбаи иқтисодӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0