Бритониёиҳо ба фирор аз Украина омода мешаванд

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксподразделений ВСУ во Львовской области
подразделений ВСУ во Львовской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Артиши Бритониё аллакай омодааст, дар ҳоле рӯй додани иттифоқе дар Украина аз он ҷо “гурезад”
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik, Александр Хабаров. Дар бораи нақшаҳои тахлия нашрияи инглисии “Daily Express” бо истинод ба вазири дифои Бритониё Бен Уоллес хабар дод, ки ҳамаро итминон дод, зердастонаш дар қаламрави Украина бо русҳо наҷанганд. Ба навиштаи ин рӯзнома, аксари бритониёҳо дар шаҳри Яворов мустақаранд, ки он ба Лаҳистон наздик аст ва "агар ҷанг бо Русия оғоз шавад", макони ҳузури онҳо тахлия мешавад.
Дар бораи теъдоди гурӯҳи бритониёӣ дар Украина маълумоти дақиқ вуҷуд надорад. Дар вебсайти Вазорати дифои Бритониё омадааст:
"Артиши Бритониё бо тадриси нерӯҳои мусаллаҳи Украина, аз омодагӣ дар пойгоҳу майдони ҷанг ва тиббӣ то курсҳои мубориза бо снайперҳо, мошинҳои зиреҳпӯш ва артиллерия ин кишварро кӯмак мекунад".
Маълум аст, ки ба он ҷо ба ҷуз инструкторони саҳроӣ мутахассисон барои пешгирӣ аз таҳдидҳои сайберӣ низ фиристода шудаанд. Ба иттилои Хадамоти иктишофии ҶХД, ҳоло як гурӯҳ аз мутахассисони аслиҳаи кимиёии Бритониё дар қисмати Донбасс таҳти назорати Киев қарор доранд. Дар ҶХД ба ин назаранд, душман бо истифода аз моддаҳои заҳрдор ба хуҷум омода мешавад.
Дар соли 2018 иттилооте рӯ зад, ки дар қаламрави Украина низомиёни Бригадаи гибридии 77-уми Бритониё бо мақсади "якҷоя овардани тамоми имкониятҳо барои вокуниш бо чолишҳои ҷангу низоъҳои муосир таъсис ёфтаанд, фаъолият мекарданд, зеро дар майдони набард на ҳамеша танҳо зӯроварӣ лозим аст ". Яъне манзур аз қисми ахири иқтибос ҷанги иттилоотӣаст.
Украинский военнослужащий на борту корабля береговой охраны в порту Мариуполя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2021
Пешгӯии Думаи давлатӣ: Украина моҳи феврал ба Русия ҳамла мекунад
Ин масъала дар ҳоли сарусадоҳо дар мавриди "таҳдиди низомии Русия" назди Лондон нисбат ба сохтани қаиқҳои низомӣ барои Украина ё фиристодани бронетранспортёрҳои куҳнаи "Самсон", тавре дар соли 2015 иттифоқ афтода буд, бештар аҳамият дорад.
Рӯзе нест, дар матбуоти бритониёӣ дар бораи Русия, ки "ба ҳамла ба Украина омодагӣ мегирад", матлабе ба нашр нарасад. Агар далеле ҳам набошад, метавон аз амали котиби давлатии амнияти Бритониё ёдовар шуд.
Ӯ Русияро дар қатори Чин, Эрон ва Кореяи Шимолӣ ба рӯйхати кишварҳои хатарнок барои Британияи Кабир ворид кард: "Онҳо метавонанд амалиёти иттилоотӣ гузаронанд ва дар ин гуна иқдомот бо роҳҳои гуногун иштирок мекунанд". Вазир дар бораи амалҳои Лондон дар ин хусус хомӯш монд, гарчанде Бритониё низ чунин амалҳоро анҷом додааст ва чизе барои фахр кардан дорад.
Пленарная сессия Европарламента - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Қасди Иттиҳоди Аврупо дар бораи нобудии Русия
Дар остонаи музокироти Русия ва Иёлоти Муттаҳида Англия симои Кремли "хиёнаткор"-ро себаробарӣ ҷилва медиҳад. Ҳадафи асосӣ аз он пешгирии баҳодиҳии объективии он чӣ, ки дар муносибатҳои байни НАТО ва Русия мегузарад, мебошад.
Владимир Путин кафолати амнияти кишвари моро тақозо карда, мавқеи бисёр ошкореро баён кард. Ҷошуа Шифринсон, профессори Донишгоҳи Бостон бар ин назар аст, ки "Русия намехоҳад, ки гурӯҳҳои хориҷиро дар марзҳои худ бубинад. Фаҳмидани ин он қадар душвор нест. Тасаввур кунед, ки агар Чин бо Канада иттиҳод эҷод кунад, чӣ мешавад? Давлатҳои тавоно инро таҳаммул намекунанд." Бояд илова кард, дар мавриди НАТО ва Украина сухан дар бораи иттифоқе меравад, ки дидаву дониста нисбат ба Русия душманӣ дорад.
Ғарб ба ҳич воситае ҳадафашро ошкор иқрор намешавад. "Гушудани қуфли роҳи арзаи силоҳ тавассути кишварҳои НАТО (Украина) бояд авлавият дошта бошад <...>.
Бояд возеҳ гуфт, ки Украина як масъалаи калидии амнияти Аврупост ва иттифоқчиёни он омодаанд, аз тарҳҳои муштараки иқтисодӣ бо Русия масалан, “Маҷрои Шимолӣ-2” даст кашанд”, - менависад Орисия Лутсевич, корманди Маркази таҳлилии бритониёии “Chatham House” дар мавриди омодагии украиниҳо ба ҷанг ва меафзояд: "60 дарсади шаҳрвандони он бо хоҳиши дифоъ аз Украина бо силоҳ дар даст буданд”.
Строительство газопровода Северный поток-2 в Германии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Аврупо роҳи дигаре ба ҷуз аз пардохт ба Русия надорад
Нахуст дар Лондон ва баъдан дар “New York Times” дар бораи сарбозони украиние, ки дар наздикии Киев алайҳи "ҳамлаи Русия" ҷанги партизаниро тамрин мекунанд, матолиби якхела нашр шуданд. "Ҳар қадаре ки мо тобут мефиристем, русҳо ҳамон қадар бештар фикр мекунанд", - орзуҳои худро бо хонандагони Бритониё ва Амрико нақл мекунанд онҳо.
Арзёбии омодагии ҷангии "партизан"-ҳо аз нашрияи Ню-Йорк аз омодагии коршиноси лондонӣ Лутсевич хеле пасттар аст: "барои Украина" на 60, балки 24 дарсад ба ҷанг омодаанд. Чунин як ҳолат объективӣ будани тадқиқотро зери суол мебарад.
Ҳампаймонони НАТО дар Афғонистон қолаббандӣ карданд: маълум мешавад, ки онҳо танҳо "қувваҳоро барои амалиёт дар дигар қисматҳои ҷаҳон озод мекарданд". Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА парвоз аз Кобулро ҳамин тавр шарҳ дод. Ӯ тасмим гирифт, ки дақиқан куҷо қасди иқдом кунад.
Бо вуҷуди ин шикаст дар Афғонистон барои онҳо бенишона анҷом нашуд: сарварони низомии Бритониё дар бораи "ҳуҷум”-и дарпешистодаи Путин ба Украина дарҳол эълон карданд, ки омодаанд аз он ҷо фирор кунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала