Чин марзашро бо Қирғизистон мебандад

© AFP 2021 / THOMAS PETERМедицинские работники в защитных костюмах и полицейские на контрольно-пропускном пункте
Медицинские работники в защитных костюмах и полицейские на контрольно-пропускном пункте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз масдуд шудани марзи ин кишвар бо Чин хабар дод
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Рафтуомад дар марзи миёни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Чин масдуд мешавад, хабар медиҳад Хадамоти марзбонии Қирғизистон.
Ин ниҳод мегӯяд, тасмими мазкур аз ҷониби Чин гирифта шуд ва се рӯзи аввали моҳи январ марз баста мешавад.

"Аз 1 то 3 январи соли 2022 рафтуомад дар марзи Қирғизистон ва Чин масдуд мешавад. Ин тасмим бо ташаббуси ҷониби Чин дар робита ба таҷлили Соли Нав гирифта шудаст", - омадааст дар хабари Хадамоти марзбонии ин кишвар.

Ду гузаргоҳи сарҳадӣ дар вилоятҳои Норин ва Ӯш барои интиқоли молу нақлиёт баста мешавад ва рӯзи 4 январ марз боз мегардад.
Манбаъ меафзояд, ҳоло танҳо мошинҳо, аз ҷумла мошинҳои боркаш, ки аз Чин ворид мешаванд, иҷозаи убури марзи Қирғизистону Чинро доранд.
Маврид ба зикр аст, ки феълан Қирғизистон ҳамлу нақли бору мусофирони самти Тоҷикистонро мамнуъ кардааст. Аз авоили моҳи ҷорӣ ин кишвар қоидаҳои вуруду хуруҷро барои бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон сода кард. Тағйирот ба намояндагони дипломатӣ ва аъзои оилаи онҳо дахл дорад.
Мобильный комплекс видеонаблюдения на границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди таҳқиқи муноқишаҳои марзӣ тавофуқ карданд
Илова бар ин ислоҳи нав пешбинӣ мекунад, ки иҷозаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон, донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон таҳсил мекунанд ё нафароне, ки ба ҳайси омӯзгор дар ин кишвар кор мекунанд, тибқи номаи пешакии Вазорати маорифи Қирғизистон ба хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, содир мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала