Дастоварди хонандагони тоҷик дар олимпиадаи ҷаҳонӣ: соҳиби гранти Донишгоҳи Амрико шуданд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаТаджикские школьники за партами
Таджикские школьники за партами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Обуна шудан
Хонандагони тоҷик пас аз ғолибият дар олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ соҳиби шоҳҷоизаи озмун - гранти омӯзишӣ дар Донишгоҳи Амрикоӣ Шимолӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Дар Тайланд олимпиадаи сатҳи ҷаҳонии "MATH -CHALLENGE 2021" баргузор гардид, ки хонандагони Тоҷикистон низ дар он иштирок карданд.
Се толибилми литсейи барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд, Алиҷон Усмонов, Абубакр Комилов ва Аслан Насратшоев, ки ҳамагӣ хонандагони синфи 10-уми муассисаи мазкур мебошанд, дар олимпиада иштирок намуданд ва ба пирӯзӣ расиданд.
Дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки хонандагони тоҷик соҳиби шоҳҷоизаи озмун - гранти омӯзишӣ дар Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ шуданд.
Гуфта мешавад, гранти омӯзишии мазкур дар умум 220 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, 80 ҳазор долларӣ ба Алиҷон, Абӯбакр Комилов ва Аслан Насратшоев ихтисос дода шудааст.
Школьники в новой школе района Рудаки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2021
Хонандагони тоҷик дар "Ал-Фарғонӣ" соҳиби 7 медал шуданд
Дарёфти гранти омӯзишӣ имкон медиҳад, ки ин се хонандаи литсей тӯли 4 сол ройгон дар Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ (North American University) таҳсил намуда, ҳамчунин бо хобгоҳ ва хӯроки ройгон таъмин низ бошанд.
Бояд гуфт, маблағи солонаи таҳсил дар Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ барои хориҷиён 12 700 доллари амрикоиро ташкил дода, гранти ба дастовардаи литсей танҳо барои омӯзиши ин се хонанда сарф мешавад.
Ёдовар бояд шуд, ки дар литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд кор бо хонандагони боистеъдод ва гурӯҳи олимпӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳаракати олимпии литсей 180 хонандаи болаёқатро шомил буда, ҳамасола хонандагон дар 15 олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ аз фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ иштирок менамояд.
Лентаи хабарҳо
0