Шарҳи расмии муноқишаи хунин дар Панҷакент: додситонӣ таҳқиқ мекунад

© Sputnik / Анна Соловьева / Гузаштан ба хазинаи аксДрака болельщиков, архивное фото
Драка болельщиков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Бо гузашти ду рӯз аз муноқишаи маргбори гуруҳӣ дар Панҷакент Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин ҳодисаро тоза шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ба гузориши ВКД, муноқишаи маргбор 26-уми декабри соли 2021, тахминан соати 13:50 дар рӯ ба рӯи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент сар задааст.
Ба иттилои манбаъ, чаҳор нафар аз ҷавонони 18 ва 19-солаи сокинони шаҳри Панҷакент бо маслиҳати пешакӣ бо се нафар ҷавони 17, 21 ва 23-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд ба узвҳои ҳаётан муҳими номбурдагон задаанд.

"Дар натиҷа, 3 нафар ҷавон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", - афзуд манбаъ.

Ин ниҳод сабабҳои задухӯрд ва ҳувияти иштирокчиёни ин ҳодисаро расонаӣ накардааст.
Гуфта мешавад, нисбати гумонбарони ҳодисаи мазкур бо моддаи 104, қисми 2, бандҳои “а”, “к” ва моддаи 237, қисмҳои 2, 3, бандҳои “а”, “б”, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи прокуратураи шаҳри Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Ин бандҳои Кодеси ҷиноии кишвар ба ҷинояткорон аз панҷ то 25 соли зиндонро пешбинӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала