Навбатдории оташнишонҳо дар пеши арчаҳо: мақомоти тоҷик роҳи пешгирии сӯхторро гуфтанд?

CC BY 2.0 / Marco Verch Professional / Decorated christmas tree and female handsЕлочные украшения
Елочные украшения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Сарраёсати хадамоти оташнишонии Тоҷикистон тарзи бехатари ороиши арча ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар Соли Навро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Оташнишонҳои тоҷик дар назди арчаҳои калони солинавии Душанбе ва шаҳру навоҳии кишвар якҷо бо кормандони милиса навбатдории шабонарӯзиро роҳандозӣ намудаанд.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, ҳадафи ин иқдом халалдор нашудани фазои идона ва ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш мебошад.
Манбаъ таъкид намудааст, ки барои пешгирии нохушиҳо ҳар фард бояд қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, аз ҷумла ҳангоми насбу ороиши арчаи солинавиро риоя намояд.
Оташнишонҳои тоҷик мегӯянд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ арча бояд дар ошёнаи якум ва ё дар саҳни ҳавлии назди бино гузошта шавад.
Аниматор в костюме Санты рядом с детьми на церемонии зажжения Рождственской ели в Дубае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Зебо ва муосир: Арчаи солинавӣ дар Дубай - акс
Гузоштани арча дар роҳрав ё даромадгоҳ мамнуъ гуфта шуда, илова гардид, ки баландӣ бояд ба андозае бошад, ки шохаҳояш ба шифти хона нарасаду аз девор камаш як метр дур бошад.
Тавсия дода шудааст, дар толор, ҷойи арча оташхомӯшкунак бошад ва дар сурати набудани он салоҳ аст, ки он ҷо аз 50 то 100 литр об захира шавад.
"Арчаро дар мобайни толор дар пояи чилликмонанди мустаҳкам ва ё дар чалаки пур аз хок шинондан лозим аст. Арчаро бо бозичаҳои селлулоидӣ ва ё зуддаргиранда зиннат додан, бо шамъ чароғон кардан манъ аст", - омадааст дар тавсиянома.
Зикр гардидааст, ки чароғонкунии арча бояд ба воситаи трансформатори шиддатпасткунанда роҳандозӣ гардад. Дар сурати истифодаи нерӯи барқи шиддаташ 220 волт бояд танҳо аз шилшилаҳои фабрикӣ истифода бурд, чун ба гуфтаи мақомоти оташнишинҳо шилшилаҳои худсохт аксари вақт сабабгори сар задани сӯхтор мегарданд.
Маслиҳат дода шудааст, ки дар вақти гузаронидани Иди арча бояд тамоми дарҳои баромад кушода бошанд. Дар дохили бино рӯшан кардани шамъҳои бинголӣ, магний ва дигар маводи тарфгарии қатъан манъ арзёбӣ шуда, пӯшидани либосҳои пахтагӣ, коғазӣ, докагӣ ва дигар матоъҳои зуддаргиранда дар Иди арча салоҳ дониста намешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала