Истиқбол аз Назарови қаҳрамон дар Душанбе: падараш ӯро фахри Тоҷикистон гуфт -видео

Обуна шудан
Хуршед Назаров маротибаи нуҳум ҳам пирӯзӣ ба даст овард ва боре ҳам аз рақибонаш шикаст нахӯрдааст
Хуршед Назаров, варзишгари ҷавони тоҷик бо камарбанди қаҳрамонӣ ба Тоҷикистон баргашт ва дар фурудгоҳи пойтахт ӯро бо гулу доиразанӣ истиқбол гирифтанд.
Назаров дар Лигаи АСА "Young Eagles 23" ба гирифтани камарбанди қаҳрамонӣ ноил шуд. Ба истиқболи қаҳрамони тоҷик теъдоди зиёди мухлисон баромаданд. Дар толори фурудгоҳ ба ӯ гулдастаҳо тақдим намуданду ҳамзамон ҷомаи зардӯзӣ пӯшонданд.
Видеои истиқболи гарми варзишгарро сомонаи "Варзиш" TV сабт намудааст ва дида мешавад, ки ҳаводорони зиёди ин навъ варзиш барои истиқбол аз дастоварди размкори муваффақи тоҷик ҷамъ омадаанд.
Декабри пурмуҳориба: размкору муштзанҳои тоҷик бо кӣ мубориза мебаранд?
Дар видеои мазкур Назаров ба тамоми мухлисони худ барои дастгирӣ ва бовар ба ӯ изҳори сипос намуд. Ҳамчунин падари ин размкор фарзандашро фахри миллати тоҷик гуфт ва изҳори умед намуд, ки варзишгарони тоҷик ҳарчи бештар ба Ватан камарбанду медал меоранд.
Назаров дар мусобиқаи мазкур ҳарифи чеченистонии худ Асвад Аҳмадовро шикаст дод. Набарди варзишгарон рӯзи 25-уми декабр дар шаҳри Грозний баргузор гардид.
Ин аввалин камарбанди қаҳрамонии Хуршед Назаров дар Лигаи АСА "Young Eagles" ба шумор меравад. Ҳамакнун баъди ин пирӯзӣ шумораи ғалабаҳои варзишгари тоҷик ба нуҳ маврид расид. Ӯ дар фаъолияти варзишиаш боре ҳам шикаст нахӯрдааст.
Лентаи хабарҳо
0