Попова гуфт, ки барои муайян кардани коронавирус дар Тоҷикистон чӣ кумак кард

© Фотохост ШОС Главный санитарный врач России Анна Попова
 Главный санитарный врач России Анна Попова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Обуна шудан
Ба кишвар муяссар гардид, ки бемориро сари вақт ошкор намояд ва барои муқобила бо пандемия омода шавад
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Нахустин мавриди гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шарофати системаҳои тестии Русия ошкор шудааст.
Дар ин бора раҳбари "Роспотребнадзор" Анна Попова дар нишасти ғайрирасмии ИДМ хабар дод.
Дар сари вақт ошкор кардан ва ба пандемия омода шудан саҳми мутахассисони Русия низ ҳаст, ки дар кишварҳои муштарак-ул-манофеъ зиёда аз 40 миссия анҷом доданд.
Ба гуфтаи Попова, ИДМ бояд як системаи ягонаи тадбирҳои табодули иттилоот барои мубориза бо пандемияро эҷод кунад.

"Дар фазои иттиҳод бунёди як системаи ягонаи минтақаии иқдомот, ки ба рушди таҳқиқоти илмӣ, кумаки мутақобила ва табодули технологияҳо, натиҷаҳои рушд марбут бошад, муҳим аст", - таъкид кард роҳбари "Роспотребнадзор".

Вай қайд кард, ки барои чунин иқдомҳо сармоягузорӣ, кадрҳо ва инфрасохтор зарур аст.
Ғайр аз ин давлатҳои ИДМ-ро зарур аст, ки мустақилияти технологӣ ва таҳқиқотиро таъмин кунанд, яъне мустақилона иншоот ва лабораторияҳои худро ташкил кунанд.
Попова таъкид кард, ки кишварҳо ҳама чизи лозимаро доранд, то системаи ягонаи огоҳӣ ва вокуниш ба пандемияро эҷод кунанд.
Боздиди Анна Попова аз озмоишгоҳҳои Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2021
Боздиди раҳбари Роспотребнадзор аз озмоишгоҳҳои Душанбе - акс
Инҳо хадамоти пуриқтидори санитарию эпидемиологӣ ва илм, "равиши умумӣ ба кори зидди эпидемия, системаи шабеҳи таълим ва забони умумӣ мебошанд", - хулоса кард роҳбари "Роспотребнадзор".
Ёдовар мешавем, дар Санкт-Петербург бо ибтикори раисҷумҳури Русия Владимир Путин нишасти ғайрирасмии ИДМ ҷараён дорад.
Дар чорабинӣ раҳбарони Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат доранд. Ба ин ҳамоиш президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев низ даъват шудааст.
Лентаи хабарҳо
0