Қазоқистон квотаҳоро барои донишҷӯёни Тоҷикистон зиёд мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевМолодежный медиафорум в честь Дня студента прошел в филиале МГУ в Душанбе
Молодежный медиафорум в честь Дня студента прошел в филиале МГУ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Обуна шудан
Қазоқистон танҳо 50 бурсия барои донишҷӯёни Тоҷикистонро ҷудо карда буд
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ҳукумати Қазоқистон тасмим гирифтааст, теъдоди бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷикро афзоиш диҳад.
Дар ин бора сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тоҷибоев хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, барои афзоиши квотаҳои таҳсилии донишҷӯёни тоҷик дар Қазоқистон корҳои муштарак сурат гирифтааст.
Сафир тавзеҳ дод, ки то ҳол ин кишвар ба донишҷӯёни Тоҷикистон танҳо 50 бурсия ихтисос додааст. Шумори ин бурсияҳо аз 50 ба 100 адад расонда мешавад.
Возобновление очного обучения в вузах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2021
5 бурсия ва ду шарт: донишкадаи бонуфузи Маскав барои донишҷӯёни тоҷик квота ихтисос дод
Гузашта за ин дипломати қазоқ аз рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаи тиҷорату иқтисодӣ мутазаккир шуд.
Зикр гардид, ки мубодилоти мол миёни ин ду кишвар дар 11 моҳи соли ҷорӣ бо афзоиши 30,6 дарсад беш аз 1 миллиарду 39,1 миллион долларро ташкил дод.
Қобили зикр аст, ки ҳудуди 742 миллион доллари ин маблағ ба воридоти коло аз Қазоқистон рост меояд. Аз Қазоқистон ба бозори Тоҷикистон орд, ғалла, маҳсулоти нафтӣ, нақлиёт ва ғайра ворид мешавад.
Дар навбати худ Тоҷикистон ба Қазоқистон маҳсулоти кишоварзӣ, маъдан, руҳ, мис ва ғайра содир мекунад.
Лентаи хабарҳо
0